Ҷаласаи Шӯрои коршиносони иқтисодии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ дар реҷаи фосилавӣ доир гардид

Апрель 20, 2021 16:02

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло тибқи нақшаи кории Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар кори ҷаласаи Шӯрои экспертӣ оид ба иқтисод дар реҷаи фосилавӣ  иштирок намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласа  қарорҳое, ки Шӯрои коршиносон аз 27 октябри соли 2020 қабул кардааст- муҳокимаи татбиқи банақшагирӣ ва пешгӯии дарозмуддат, сармоягузории асосӣ, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои технологияи баланд, сиёсати пулӣ ва фаъолияти савдои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин равишҳои асосии таҳиягарон ба таҳияи лоиҳаҳои Консепсияи рушди қувваҳои  истеҳсолкунандаи ИДМ,  тавсияҳои Ассамблеяи байнипарлумонӣ  ИДМ  оид ба рушди ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи амнияти иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Раҳматзода, ки бевосита узви комиссияи Шӯрои экспертӣ-иқтисодии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ мебошад, дар кори ҷаласаи Шӯрои мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.

Апрель 20, 2021 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад