Ҷаласаи видеоконфронсии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ байни давлатҳои иштирокчии ИДМ доир шуд

Апрель 26, 2021 14:50

ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел  бо иштироки роҳбарону масъулини мақомоти давлатии зиддиинҳисории кишварҳои ИДМ ҷаласаи 52-юми байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ тариқи видеоконфронс доир гардид.

Тавре аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа муовини якуми сардори Хадамот Дилшод Музаффарзода иштирок кард.

Дар кори ҷаласа оид ба ҳолат ва роҳҳои рушди рақобатнокӣ дар бозори молӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шароити маълуми пандемияи КОВИД-19, идоракуниву танзими солими муносибатҳои бозорӣ, мубодилаи таҷрибаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ, ошкорсозии созишҳои зиддирақобатӣ  дар шароити  мураккабшавии вазъи бозор ва зимни хариди давлатӣ, оид ба таҷрибаи амалии қатъкунӣ ва пешгирии рақобати бевиҷдонона зимни фурӯши мол бо истифодаи ғайриқонунии моликияти зеҳнӣ, оид ба коркарду таҳияи мавқеи мувофиқшудаи мақомоти зиддиинҳисории кишварҳои узви ИДМ оид ба сиёсати рақобати байналмилалӣ ва муаррифии он дар миқёси байналмилалӣ, оид ба фаъолияти Ситод дар самти таҳқиқоти якҷоя оид ба қонунвайронкунии соҳаи зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчӣ, дар бораи таҳияи гузориш оид ба рушди усулҳои нави пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, хариду фурӯши мол дар шароити рушди тиҷорати электронӣ – интернетӣ, оид ба маниторинги тағйирёбии нархҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар ҳар кишварҳои узв ва роҳҳои муассири идоракунии буҳронҳои эҳтимолӣ табодули назар анҷом дода шуд.

Зикр шуд,  ки дар шароити маълум ҳифз, рушд ва ҳимояи рақобат асоси равнақи иқтисодиёт ва омили асосии пешгирӣ аз рукуди иқтисодиёт буда, ин принсип то ҳанӯз моҳияти худро гум накардааст.

Бояд гуфт, ки фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ байни давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба табодули донишу таҷриба дар самти такмили қонунгузории соҳаи зиддиинҳисории кишварҳои ИДМ, (қонунгузории соҳаи зиддиинҳисорӣ дар соҳаи ҳимояи рақобат),  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, инҳисороти табиӣ, реклама, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии қонунгузории соҳаи зиддиинҳисорӣ ва татбиқи он дар миқёси кишварҳои узви ИДМ, таҳияву пешниҳоди модели рушди иқтисодӣ ва мушкилоти онҳо дар соҳаи сиёсати рақобатнокӣ равона гардидааст.

Апрель 26, 2021 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд