«Бобруйскагромаш» истеҳсолоти васлкуниро дар Тоҷикистон васеъ мекунад
ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. ҶСК Ширкати идоракунандаи холдингии «Бобруйскагромаш» истеҳсолоти васлкунии таҷҳизотро дар Тоҷикистон васеъ мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ба хабаргузории «БелТА» аз хадамоти матбуоти корхонаи беларусӣ иттилоъ додаанд.
Дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Беларус ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ки аз 6-7 апрел дар Душанбе баргузор шуд, байни ҶСК ШИХ «Бобруйскагромаш» ва ҶСП «Агротехсервис» (Тоҷикистон) дар бораи тавсеаи истеҳсолоти васлкунӣ дар заминаи ширкати Тоҷикистон дар Ҳисор аз ҳисоби роҳандозии истеҳсоли нимядакҳои трактории ПСТ-9 созишнома имзо шуда буд.
Ғайр аз ин, ширкатҳо дар барои таҳвили бастаи якуми маҷмӯаи мошинҳо шартнома бастанд ва интиқоли он дар семоҳаи дуюми соли 2021 пешбинӣ шудааст.
Инчунин ҳангоми ширкат дар форуми тиҷоратии «Тоҷикистон — Беларус-Афғонистон» бо намояндагони доираҳои тиҷоратии Афғонистон, ки ба ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони таҷҳизоти Беларус, аз ҷумла аз тариқи дилерҳо ва намояндагони Тоҷикистон алоқаманд мебошанд, музокирот ташкил карда шуд.
Дар ҷараёни боздид ҳайати Беларус бо роҳбарияти КВДҶ Тоҷикагролизинг» музокирот намуда, инчунин тамоми номгӯи маҳсулоти холдинги «Бобруйскагромаш» -ро муаррифӣ карданд ва дар ҷамъбасти натиҷаҳои онҳо ҷониби Тоҷикистон барои хариди таҷҳизот ва мошинҳои ҷамъоварии хӯроки чорво барои тайёр ва тақсим кардани хӯроки чорво изҳори алоқамандӣ кард.
Ширкати идоракунии холдингии «Бобруйскагромаш» бузургтарин истеҳсолкунандаи техникаи кишоварзӣ ва афзор дар Аврупои Шарқӣ мебошад. Ширкат дар бозори техникаи кишоварзӣ аз соли 1974 фаъолият дошта, зиёда аз 150 навъ маҳсулот истеҳсол мекунад. Имрӯз техникаи холдинг ба зиёда аз 50 давлати ҷаҳон содир карда мешавад.
АКСИ: «БелТА»








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






