Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон консерти «Навои арғунун» доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2021/АМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода консерти Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллима Фирӯза Комилова ва донишҷӯи соли дуюми Академияи мусиқӣ ба номи Гнесинихи шаҳри Москва Зарнисор Набиева таҳти унвони «Навои арғунун» баргузор гардид.
Дар ҳамоиши фарҳангӣ намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, аз ҷумла сафирони фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Украина, Туркманистон бо аҳли байташон, созмонҳои байналмилалӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оҳангсозону санъатшиносон, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва дигар ҳаводорони сози арғунун иштирок намуданд.
Дар оғози ҳамоиш наворе аз лаҳзаҳои ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишкада ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани толори «Арғунун» пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд, ки дар хазинаи тиллоии таърихи фарҳангу санъати мамлакат ҳамчун хотироти хуш барои дилбастагони навои арғунун қарнҳо маҳфуз мемонанд.
Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро ба ин боргоҳи фарҳангу санъат хайрамақдам гуфта, ташрифашонро мояи ифтихори ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён унвон намуд. Мавсуф бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки толори консертии бошукӯҳ ва сози мусиқии арғунун маҳз бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 2011 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Дар ҳамон чорабинии фарҳангӣ низ намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, вакилони порлумон, арғунуннавозони машҳур, аз қабили ҳунарпешагони мардумии Федератсияи Россия, профессорон Абдуллин Рубин ва Любов Шишханова ширкат доштанд.
«Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи толори консертӣ ва сози арғунун, аз ҷумла зикр карда буданд, ки «имрӯз мо шоҳиди воқеаи гуворою хотирмон, яъне аввалин маротиба садо додани Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун шудем. Ин амр маънои онро дорад, ки минбаъд бо ин сози бузург на танҳо мусиқии классикони ҷаҳонӣ, балки суруду таронаҳои тоҷикӣ низ иҷро мегарданд ва навои рӯҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз хоҳад гардид».
Ин ҳадяи беназири Пешвои миллат ба аҳли фарҳангу санъати кишвар гувоҳи ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат буда, ба рушду такомули минбаъдаи фарҳанги миллӣ, хосса сози арғунун шароити мусоид фароҳам овард»,- гуфт ректори донишкада.
Ба зикри мавсуф, воқеан, сози арғунун таърихи хеле қадимӣ дошта, маҳсули ҳамгироии тамаддунҳои Ғарбу Шарқ мебошад. Дар ин маврид мо ҳамчун ворисони яке аз саромадони бузурги олами мусиқӣ Борбади Марвазӣ бо ифтихор ба ёд меорем, ки дар фарҳангу луғатномаҳо, рисолаҳои мусиқӣ ва ашъори шоирони бузурги мо, аз ҷумла «Бурҳони қотеъ», «Гиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Онандроҷ», ҳамчунин дар нигоштаҳои Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Хоқонии Шервонӣ, Абусаиди Абулхайр, Мавлавӣ, Саъдӣ дар мавриди сози арғунун ишораҳои зиёде ба мушоҳида мерасанд. Чунончи, дар луғати «Бурҳони қотеъ» дар ин маврид омадааст: «Арғунун созу овози ҳафтод духтари хонанда ва созанда аст, ки ҳар як чизро ба якбор ва ба як оҳанг бихонанд ва бинавозанд. Ва он се анбони бузург дошта, аз пӯсти говмеш таҳия гардад».
Ба ақидаи баъзе аз донишмандон, сози арғунун ба сози нафасии найи анбони тоҷикон шабоҳати бисёр дорад. Мусаллам аст, ки дар тӯли асрҳо сози арғунун аз ҷониби ҳунармандони мо такмил ёфта, дар байни асбоби мусиқии миллӣ мақоми шоиста пайдо кард.
Ҳамин тариқ, сози арғунун дар мамлакати мо аз нав эҳё гардида, он дар барномаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз тарафи арғунуннавозони маъруф навохта шуд. Соли 2017 бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали байналмилалии мусиқӣ бо унвони «Садои дилрабои арғунун» доир карда шуд, ки дар он арғунуннавозон -ректори Консерваторияи давлатии шаҳри Қазон ба номи Н. Г. Жиганов, Ҳунарманди мардумии Федератсияи Россия ва Тотористон, профессор Рубин Абдуллин, дотсенти Консерваторияи давлатии Новосибирск ба номи М. Глинка Наталя Богинская, профессори Консерваторияи давлатии миллии Қазоқистон ба номи Қурмангази, Ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дорандаи ордени «Курмет», профессор Габит Несипбаев, дотсенти Консерваторияи Қирғизистон ба номи К. Молдобасанов Виктория Василева, омӯзгори мактаби шаҳри Родгавуи Германия Зулфия Халилова ва донишҷӯи бахши 5-уми Консерваторияи давлатии Қазон ба номи Н. Г. Жиганов Фарида Нуруллоева иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Инчунин соли 2019 арғунуннаввози машҳур, ғолиби чандин фестивалҳои байналмилалӣ Авраменко Евгений Юревич аз шаҳри Калинингради Федератсияи Россия ба донишкада ташриф оварда, 2 консерти ҳунарӣ барои калонсолону хурдсолон ва дарси маҳорат барои омӯзгорону донишҷӯён баргузор намуд.
Барномаи асосии консертӣ бо сурудани шеъри «Тоҷикистон»- и Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим аз тарафи хори умумии факултаи мусиқӣ- омӯзгории донишкада оғоз гардида, муаллимаи донишкада Фирӯза Комилова ва донишҷӯи соли дуюми Академияи мусиқӣ ба номи Гнесинихи шаҳри Москва Зарнисор Набиева аз эҷодиёти композиторони сатҳи ҷаҳонӣ И. С. Бах, Л. К. Дакэн, Д. Скарлати, М. Мангани, Г. Пуняни, Г. Ф. Гендел ва дигарон оҳангҳои марғуберо бо истифода аз сози арғунун пешкаши ҳозирин гардонданд. Инчунин, шеъри «Дилбари тоҷик»-и шоири шаҳири тоҷик Саидалӣ Маъмур дар иҷрои мудири кафедраи фортепиано ва гузориши овоз Акрам Мирзоев дар радифи оҳанги дилнавози арғунун садо дода, дили ҳозиринро тасхир намуд.
Дар толор, ки намояндагони миллатҳои гуногун ҳузур доштанд, ҳунарнамоии онҳоро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд. Ин аз он шаҳодат медод, ки сози арғунун ҳанӯз ҳам дар байни мардум ҳаводорони зиёд дошта, ба таъбири Пешвои миллат «ҳамгироии тамаддунҳои Ғарбу Шарқ» — ро ба вуҷуд овардааст.