Дар Екатеринбург ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони тоҷик барои кор дар вилояти Свердловск баррасӣ шуд

Апрель 13, 2021 11:28

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода 12 апрел ҷаласаи Шӯрои машваратии ҷамъиятиро дар назди идораи консулгарӣ баргузор намуд, хабар доданд аз  консулгарии генералӣ.

Бори аввал дар он Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии вилояти Свердловск Василий Козлов ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон дар вилояти Свердловск Татяна Мерзлякова ширкат варзиданд.

Гуфтугӯи муфассал ва судманд доир ба тамоми маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории мутақобила дар давраи пас аз уфунати ковид сурат гирифт.

Василий Козлов зикр кард, ки ҳукумат ва соҳибкорони вилояти аз ҷиҳати саноатӣ пешрафтаи Свердловск, инчунин ҷониби Тоҷикистон алоқаманди баррасии мушаххаси ҳамкории мутақобилан судманди байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон ва мусоидат дар татбиқи амалии Барномаи миллии саноатикунонии босуръати Тоҷикистон мебошанд.

Дар ин самт намояндагони баландпояи Ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар даҳаи якуми моҳи июли соли равон дар кори Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ», дар заминаи ҷойгиршавии Маркази намоишгоҳи байналмилалии «Екатеринбург ЭКСПО», ки дар он губернатори вилояти Свердловск иштирок мекунад, метавонанд нақши муҳим иҷро намоянд.

Масъалаҳои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор дар вилояти Свердловск, мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии онҳо дар ҷомеаи Россия, беҳтар намудани ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва аз тарафи онҳо риоя намудани қонунгузории Россия ба таври муфассал баррасӣ шуданд.

Инчунин мавзӯъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла, маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.

Дар бораи роҳҳо ва механизмҳои бештар муносиби ҳамкории мутақобила ҷиҳати ҳалли амалии масъалаҳое, ки ба миён меоянд, мувофиқа ҳосил шуд.

Апрель 13, 2021 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд