Дар Хатлон барои ба курсҳои ронандагӣ фаро гирифтани даъватшавандагон беш аз 1 миллион сомонӣ равона гардид

Апрель 3, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 03.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маросими Рӯзи даъватшаванда бо роҳпаймоии ҷавонони вилоят оғоз гардид. Дар рӯзи аввал масъулини шаҳру ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Носири Хусрав нақшаи даъватро пурра ба анҷом расониданд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маросими сафарбаркунии гурӯҳи 1200-нафараи наваскарони даъвати баҳории соли 2021 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба падарону модарон ва даъватшавандагон изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро самимона табрик гуфт.

Мавсуф зикр намуд, ки «ҷавонони боғайрати тоҷик давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагон, ворисони асили сарзамини аждодӣ ва пайравони Пешвои муаззами миллатанд, ки имрӯз бо ифтихор барои иҷрои масъулияти фарзандии худ дар назди халқу Ватан ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар шудаанд. Боварӣ дорам, ки онҳо ба эътимоди Пешвои миллат сазовор мегарданд».

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар вилоят шумораи ихтиёриён барои адои хизмати Модар-Ватан ҳамасола афзоиш меёбад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо барои ихтисосманд намудани даъватшавандагон ба маблағи 1 миллиону 322 ҳазору 780 сомонӣ онҳоро ба курсҳои ронандагӣ фаро гирифт. Инчунин аз ҳисоби «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» 205 нафар даъватшаванда дар курсҳои кӯтоҳмуддати кафшергарӣ, ошпазӣ, барқчӣ, сартарошӣ, компютерӣ ва сантехникӣ омода карда шудаанд.

Чанде пеш бо мақсади ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ барои мудофиаи давлат омода кардани шумораи бештари ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар таҳрири нав қабул гардид, ки ба  якчанд  қонунҳои соҳавӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст.

Ин дастури Пешвои миллат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мавриди амал қарор гирифта истодааст.

Дар ин рӯз аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба ҳамаи даъватшавандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, чун анъана маросими суннатии «нонгазон» ва суруду таронаҳо дар васфи Ватану Модар сурат гирифт.

 

АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Апрель 3, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид