Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазир кишти пунбадона оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар бархе аз хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ҳисор кишти чигит оғоз гардид. Дар ин робита муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба якчанд хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр рафта, бо ҷараёни кишту кори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пунбадона дар Кооперативи истеҳсолии тиҷоратии ба номи Латиф Муродов, Корхонаи воҳиди таълимӣ- таҷрибавии «Ҳисор»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва хоҷагии таҷрибавии истеҳсолии «Зироаткор» — и Академияи миллии илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини Сарвазир ба кишти чигит дар ин хоҷагиҳо оғоз бахшида, ба сифат ва ҳаҷми захираи тухмии зироати кишоварзӣ ва ҷараёни корҳои деҳқонӣ мароқ зоҳир намуд. Мавсуф ба кишоварзон барои аз рӯи қоидаҳои агротехникӣ ва босифат гузаронидани кишт ва рӯёнидани ҳосили баланд аз ҳар гектар маслиҳату дастур дод.
Ҳамчунин зикр гардид, ки аз лаҳзаи рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода намуда, ба кишти пунбадона бояд вусъат бахшида шавад, чунки борише, ки рӯзҳои наздик дар назар дошта шудааст, сабаби намнокии бештари замин гардида, метавонад ба сабзидани ниҳолҳо мусоидат карда, ба обмонии иловагӣ зарурат намонад. Истифода аз обу ҳавои мусоид барои хоҷагидорон камхарҷ ва манфиатовар мебошад.
Муовини Сарвазир мамлакат ба деҳқонон барои гирифтани ҳосили хуби пахта маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуд, ки танҳо риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом додани кишти чигит омили рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ва кафили ба даст овардани ҳосили бештар мебошад.
АКСҲО аз Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






