Дар Киев омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел дар Киев вохӯрии Сафири Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода бо муовини Вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва кишоварзии Украина – Намояндаи тиҷоратии Украина, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои хамкории иқтисодӣ Тарас Качка баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Омодагӣ ба ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ки қарор аст дар Душанбе баргузор гардад, мавзӯи асосии мулоқот буд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба табодули афкор намуда, ба ҳолату дурнамои робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, тавсеаи бештари заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд






