Дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирии сулҳ ба таври фосилавӣ доир гардид

Апрель 27, 2021 16:21

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳи Амороти Муттаҳидаи Араб дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов  ба АМИТ «Ховар» хабар дод,  дар кори ҷаласаи мазкур вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода, Хайриддин Усмонзода, Ғиёсиддин Шарифзода, Раънохон Бобоҷониён ва Саодатшо Матробиён иштирок намуданд.

Раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода иброз намуд, ки  “мехостам дар шахсияти Шумо ва ҳамкорони гиромии аморотӣ Ҳукумат ва мардуми АМА-ро барои муваффақона амалӣ шудани “Мисбор ал-Амал”, “Стантсияи автоматии байнисайёравии Умед” табрик намоям. 9 феврали имсол зонди кайҳонии “Умед” ба мадори Миррих ворид гардид. Шуморо бо ин рӯйдоди муҳими таърихӣ табрик менамоям. АМА аввалин дар байни кишварҳои араб ва панҷумин кишвари ҷаҳон аст, ки зондро ба Миррих фиристодааст ва ба ин васила ба Клуби кишварҳои кайҳонӣ шомил гардид. Мо аз чунин дастовардҳои АМА дар соҳаи кайҳонӣ бениҳоят ифтихор ва хурсанд ҳастем”.

Файзулло Баротзода ҳамчунин таъкид намуд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои мухталиф нақши муассир дорад. Роҳандозии ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва АМА борҳо дар вохӯриҳои сатҳи олӣ байни роҳбарони олии сиёсии Тоҷикистон ва АМА, инчунин дар сатҳи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва АМА муҳокима гардида буд.

-Мо боварии комил дорем, ки ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон   ва Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳи Амороти Муттаҳидаи Араб  ба таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид,—афзуд Файзулло Баротзода.

Дар мулоқот ҳамчунин зикр карда шуд, ки ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар аз сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҷониби Тоҷикистон дар оянда низ барои дастгирии номзадии кишвари дӯст дар созмонҳои мантақавию байналмилалӣ омодагии худро баён менамояд.

Ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳи Амороти Муттаҳидаи Араб дар реҷаи фосилавӣ худи ҳамин рӯз корашро ба анҷом расонид.

АКС аз Маҷлиси намояндагон

Апрель 27, 2021 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд