Дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирии сулҳ ба таври фосилавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳи Амороти Муттаҳидаи Араб дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар кори ҷаласаи мазкур вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода, Хайриддин Усмонзода, Ғиёсиддин Шарифзода, Раънохон Бобоҷониён ва Саодатшо Матробиён иштирок намуданд.
Раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода иброз намуд, ки “мехостам дар шахсияти Шумо ва ҳамкорони гиромии аморотӣ Ҳукумат ва мардуми АМА-ро барои муваффақона амалӣ шудани “Мисбор ал-Амал”, “Стантсияи автоматии байнисайёравии Умед” табрик намоям. 9 феврали имсол зонди кайҳонии “Умед” ба мадори Миррих ворид гардид. Шуморо бо ин рӯйдоди муҳими таърихӣ табрик менамоям. АМА аввалин дар байни кишварҳои араб ва панҷумин кишвари ҷаҳон аст, ки зондро ба Миррих фиристодааст ва ба ин васила ба Клуби кишварҳои кайҳонӣ шомил гардид. Мо аз чунин дастовардҳои АМА дар соҳаи кайҳонӣ бениҳоят ифтихор ва хурсанд ҳастем”.
Файзулло Баротзода ҳамчунин таъкид намуд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои мухталиф нақши муассир дорад. Роҳандозии ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва АМА борҳо дар вохӯриҳои сатҳи олӣ байни роҳбарони олии сиёсии Тоҷикистон ва АМА, инчунин дар сатҳи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва АМА муҳокима гардида буд.
-Мо боварии комил дорем, ки ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон ва Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳи Амороти Муттаҳидаи Араб ба таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид,—афзуд Файзулло Баротзода.
Дар мулоқот ҳамчунин зикр карда шуд, ки ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар аз сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҷониби Тоҷикистон дар оянда низ барои дастгирии номзадии кишвари дӯст дар созмонҳои мантақавию байналмилалӣ омодагии худро баён менамояд.
Ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳи Амороти Муттаҳидаи Араб дар реҷаи фосилавӣ худи ҳамин рӯз корашро ба анҷом расонид.
АКС аз Маҷлиси намояндагон








Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






