ДАР СААД МЕХОҲАНД ВОҲИДИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУС ТАЪСИС ДИҲАНД. Намояндаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар мулоқоти роҳбарони хадамоти тиббии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СААД дар Москва маърӯза намуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 20 апрел, дар Маркази вокуниши буҳронии СААД дар Москва вохӯрии кории роҳбарони хадамоти тиббии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СААД оид ба беҳтар намудани таъминоти тиббии неруҳои СААД (неруҳои дастаҷамъӣ) баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмон.
Дар мулоқот роҳбари Сарраёсати ҳарбӣ-тиббии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия Дмитрий Тришкин, намояндагони Раёсати соҳавии Вазорати мудофиаи Россия ва Ситоди муштараки СААД ширкат варзиданд. Роҳбарони хадамоти тиббии вазоратҳои мудофиа ва сармутахассисони ҳарбӣ-тиббии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вохӯрӣ тавассути иртиботи видеоконфронсӣ иштирок намуданд.
Дар мулоқот роҳбарони хадамоти тиббии кишварҳои узви СААД тартиби чорабиниҳои зиддиэпидемиявиро баробари расидан, дар машқҳои муштарак иштирок намудан ва бозгаштани қисмҳо муайян карданд. Дар ҷараёни ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии умумии сардори Ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров инчунин масъалаҳои такомули таъминоти тиббии Неруҳои дастаҷамъии СААД баррасӣ шуданд.
Иштирокчиён ба муҳокима ва коркарди равишҳои ягонаи ташкили таъминоти тиббии қӯшунҳои (неруҳои дастаҷамъии) СААД ва таҳия кардани тавсияҳои методӣ оид ба ташкили таъминоти тиббии қӯшунҳои (неруҳои дастаҷамъии) СААД таваҷҷуҳи махсус доданд.
Роҳбари хадамоти тиббии Ситоди муштараки СААД, полковники хадамоти тиббӣ Иван Пчелников дар бораи ташкили дастаи муттаҳидаи тиббии таъйиноти махсус дар ҳайати неруҳои посдори сулҳи СААД ва дар таркиби он шомил кардани мутахассисони давлатҳои узви СААД маърӯза кард. Ба гуфтаи ӯ, ин дастаи тиббӣ метавонад ҳамчун воҳиди тиббӣ ва эвакуатсионӣ барои расонидани кумаки махсуси тиббӣ ба осебдидагони ҳолатҳои фавқулодаи иҷтимоӣ, табиӣ, техногенӣ ва биологӣ, инчунин маҷрӯҳон ва беморон дар ҷараёни иҷрои вазифаҳо аз ҷониби Неруҳои дастаҷамъии сулҳи СААД ба таври самаранок истифода бурда шавад.
Сардори Сарраёсати хадамоти тиббии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники Хадамоти тиббӣ Умар Исломзода оид ба мавзӯи таъминоти тиббии машқҳои муштараки Неруҳои дастаҷамъии СААД, ки соли 2021 баргузор мешаванд, маърӯза намуд (ДАР АКС).
Инчунин масъалаҳои воҳиди таъйиноти махсуси тиббӣ баррасӣ шуданд.
«Сардори хадамоти тиббии Ситоди муштараки СААД Иван Пчелников дар бораи ташаккули воҳиди тиббии таъйиноти махсус дар таркиби Неруҳои посдори сулҳи СААД маърӯза намуд. Вай зикр кард, ки ин дастаи махсуси тиббӣ метавонад ҳамчун воҳиди тиббӣ — эвакуатсионӣ барои расонидани ёрии махсуси тиббӣ ба осебдидагони ҳолатҳои фавқулодаи гуногун, инчунин ба маҷрӯҳон ва беморон ҳангоми иҷрои вазифаҳо бо иштироки Қувваҳои сулҳи дастаҷамъии СААД самаранок истифода бурда шавад»,-хабар дод котиби матбуоти ситод Владислав Шегрикович.
АКСИ: хадамоти матбуоти Ситоди муштараки СААД ва АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид






