Дар Тоҷикистон Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамоиши мазкур сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавски, муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Зайнаб ал-Аззавӣ, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иброз дошт, ки аз 26 апрел то 2 майи соли 2021 давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Ҳафтаи аврупоии иммунизатсияро (ҲАИ) ҷашн мегиранд. Мақсади асосии он – баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.
Ба зикри мавсуф, мавзӯи имсолаи Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия- ин «Ваксинаҳо моро ба ҳам наздик мекунанд» мебошад. Ин шиор маҳз дар давраи пандемияи COVID-19 хуб эҳсос карда мешавад. Чунки бо сар задани ин беморӣ аъзои оила- бародару хоҳарон, хешу таборон, ёру дӯстон водор шуда буданд, ки аз ҳамдигар дурӣ ҷӯянд.
«Маҳз бо шарофати коркарди ваксинаҳои нав бар зидди сирояти COVID -19 ва истифодаи оммавии онҳо ҷомеаи башар метавонад ба пандемия хотима диҳад ва аз нав ба ҳаёти муқаррарии худ баргардад. Ин ҳолат бори дигар тамоми мардуми дунёро водор месозад, ки аҳамияти иммунизатсияро дар пешгирии бемориҳои сироятӣ дарк намуда, аз он бетараф набошанд. Новобаста аз мавҷуд будан ё набудани бемории коронавируси нави COVID-19 дар кишварҳои ҷаҳон иммунизатсияи тақвимӣ маҳз дар ҳамин давра бояд фаъолтар бошад, зеро бо кӯшиши пешгирии як беморӣ ба сар задани хурӯҷи бемориҳои дигари сироятии идорашаванда бояд роҳ надиҳанд»,- зикр шуд дар ҳамоиш.
Бо назардошти зарурати ҳалли мушкилиҳои соҳа Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия-2021 таваҷҷуҳро ба иммунизатсия ҳамчун ҳуқуқи ҳар шахс ва масъулияти умумии ҷомеа ҷалб менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баҳри тарғиби иммунизатсия миёни аҳолии мамлакат ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ чорабиниҳоро амалӣ мегардонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 Конвенсияи ҳуқуқҳои кӯдакро имзо намуд ва аз соли 1993 оид ба ҳифзи саломатии кӯдакон уҳдадорӣ гирифт. Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гардида, бо дастгирии ташкилоти байналмилалӣ, ба монанди Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Агентии Рушди Байналмилалии ИМА ва дигар донорҳо ба татбиқи нақшаю стратегияҳо оид ба пасткунӣ ва маҳв намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда оғоз намуд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ сиёсати ягонаи давлатӣ, ба монанди Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардидаанд, ки онҳо барои такмили системаи иммунопрофилактика дар қаламрави ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани саломатии кӯдакон равона шудаанд.
АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ










Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






