Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 3 моҳ 17,4% зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 3 моҳи соли равон 17,4% зиёд шудааст, хабар медиҳад Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар моҳҳои январ — марти соли 2021 ба маблағи 8201,1 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ, ба шумули соҳибкорони хусусӣ истеҳсол карда шудааст.
Омили асосии зиёд шудани ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ- ин афзоиши истеҳсолот дар саноати истихроҷ то — 32,4%, дар саноати коркард то — 18,4%, таъминоти барқ, интиқоли буғ, газ то — 11,6% мебошад.
Дар 3 моҳи ҳамин сол дар ҷумҳурӣ 2285 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард, аз ҷумла: 269 корхона дар саноати истихроҷ, 1859 — дар саноати коркард, 76 — дар соҳаи таъминоти газ, барқ, буғ ва об, 81 — дар коркарди партовҳо.
Аз миқдори умумӣ: 695 корхона дар вилояти Суғд, 621 адад дар вилояти Хатлон, 493 адад дар Душанбе, 419 – то дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 57 адад дар ВМКБ воқеъ мебошанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид






