ДАСТОВАРДИ ТИББӢ. СУТ ва кишварҳои аъзои он дар соҳаи силшиносӣ тадқиқоти олими тоҷикро истифода мебаранд
ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ Ховар/. Пештар вақте модар гирифтори бемории сил мешуд, кӯдаки ӯро дар 3-рӯзагӣ, ки ваксинаи зидди бемории сил қабул мекунад, ба муҳлати аз 36 то 48 рӯз алоҳида нигоҳ медоштанд. Албатта, ин амал бисёр душвор буд, зеро тифл эҳтимоли зиёди ба бемориҳои дарунравӣ гирифтор шудан дошт. Дар ин ҳолат ягона доруи дармонбахш- ин шири модар мебошад. Олими тоҷик Умринисо Сироҷиддинова аввалин шуда, дар натиҷаи тадқиқоти худ исбот намуд, ки на 48 рӯз, балки пас аз 2 ҳафта модар метавонад ба кӯдаки худ шир диҳад. Тадқиқоти ин олими тоҷик аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) пазируфта шуда, ба дастурамали ин созмони бонуфуз ворид гардид.
Ин олими тоҷик мегӯяд, ки тадқиқоти мазкурро давоми 8 сол ҳангоми ҳимояи кори докторӣ анҷом додааст.
«Давоми 8 сол ҳамасола дар тобистон 45 рӯз ба минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон экспедитсия мерафтем. Бо худ хукчаҳои обӣ мебурдем ва пас аз гузаронидани ваксина дар онҳо ҳар 5 рӯз узвҳою лимфоғадудҳояшонро ба шакли морфологӣ меомӯхтем. Ба ҳамин тартиб исбот кардем, ки онҳо дар ду ҳафта иммунитет ҳосил мекунанд. Таҷриба нишон дод, ки ду ҳафта барои ҳам модар ва ҳам кӯдак басанда аст. Ин дастоварди бузург дар соҳаи силшиносӣ мебошад. Чунки таҳлилҳо нишон доданд, ки агар тифл аз шири модар дур шавад ва ба хӯрокҳои сунъӣ гузарад, ин раванд дар оянда ба саломатии тифл эҳтимоли хатарро меафзояд, яъне ӯ метавонад ба бемориҳои гуногун гирифтор шавад. Аз ҷониби дигар, ғизоҳои сунъӣ гарон меафтанд, аммо шири модар манбаи витаминҳо буда, кӯдакро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз менамояд»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Умринисо Сироҷиддинова дар соҳаи силшиносӣ ба дастоварди дигар низ даст ёфтааст. Ӯ мегӯяд, ки «дар ҷараёни экспедитсия ба минтақаҳои баландкӯҳи мамлакат бо худ дастгоҳҳои рентгенӣ, маводи ташхисӣ мебурдем ва ҳамаи аҳолиро аз санҷиши сил мегузарондем. Пас аз санҷиш ба чунин хулоса омадем, ки аҳолии баландкӯҳ азбаски аз дигарҳо алоҳида зиндагонӣ мекунанд ва бо беморони сил тамос надоранд, онҳо аз ин беморӣ сироят наёфтаанд. Ин масъала аз як тараф хуб, аз тарафи дигар нохуб аст. Чунки шаҳрвандони минтақаҳои баландкӯҳ вақте ба шаҳр бо мақсади хондан ва ё кор кардан меоянд, организми онҳо қобилияти зиддисилӣ надорад, зеро дар ҳаёти худ бо микробҳои сил вонахӯрдаанд».
-Вақте ки шахс бо ин микробҳо вомехӯрад, қисми ками микробҳо вайрон шуда, организм ба он муқобилият пайдо мекунад. Аммо ин чиз дар аҳолии баландкӯҳ дида намешавад ва агар онҳо ба шаҳр омада, бо беморони сил дар тамос шаванд, зуд ба бемории сили шаклҳои вазнин гирифтор шуданашон мумкин аст. Бинобар ин ба шахсони минтақаҳои баланкӯҳ, новобаста аз синну сол бояд ваксинаи зидди бемории сил гузаронида шавад.
Профессор Умринисо Сироҷиддинова мегӯяд, дар минтақаҳои баландкӯҳ кам будани кислород ва наздик будани шуоъҳои офтоб ба организм таъсири хуб мерасонад ва ин сабаби ба шаклҳои сили вазнин гирифтор нашудани шаҳрвандони ин минтақаҳо мешавад.
Усулҳои нави табобат
Профессори тоҷик Умринисо Сироҷиддинова мегӯяд, қаблан барои он ки бемории силро дарёфт кунем, қариб ду моҳ лозим буд, чунки балғам ва дигар маводи беморро кишт мекарданд. «Сабзиши микробҳо пас аз як ҳафта сар мешавад ва бо гузашти 6-8 ҳафта бо тарзи микроскопӣ, яъне бо усули бактеорологӣ исбот мекардем, ки бемории сил ҳаст ва ё не. Ҳоло бо истифода аз дастгоҳи ҳозиразамони тезташхискунандаи молекулярии «Ҷен эксперт» дар муддати 2 соат беморӣ муайян карда мешавад»,-мегӯяд профессори тоҷик.
Паҳлӯи дигари хубии ин дастгоҳи ҳозиразамон он аст, ки ҳамзамон ба доруҳои зиддисилӣ устувор будани беморонро низ нишон медиҳад. Дар чунин сурат табобат дақиқ сурат мегирад.
Табобати беморони сил
Сил бемориест, ки табобати он дуру дароз аст ва ду марҳиларо дар бар мегирад. Дар марҳилаи шадид бемор ҳамарӯза бо чор дору дар муддати то 2 моҳ табобат мегирад ва пас аз ду моҳ боз аз муоина мегузарад. Дар ин муддат агар бемор хуб шуда бошад, ба хотири пешгирӣ аз авҷи эҳтимолии он ӯ ба табобати ёрирасон мегузарад.
Албатта, табобати ёрирасон аз табибе, ки беморро назорат мекунад сахт вобаста аст. Агар бемор ба сили пардаи майнаи сар гирифтор бошад, дар он вақт табобат на кам аз 12 моҳро дар бар мегирад, зеро ин шакли бемории сил ниҳоят вазнин мебошад.
Магар сил бемории иқтисодию иҷтимоӣ аст?
-Ба фикри ман,- мегӯяд професори тоҷик, — сил дар навбати аввал бемории иқтисодиву иҷтимоӣ ва сипас сироятӣ мебошад, чунки дар кураи Замин 25% аҳолӣ аз сил сироят ёфтаанд. Ин нишондиҳанда қариб ба 2,5 млрд нафар аҳолӣ рост меояд, вале аз ин шахсони сироятёфта давоми ҳаёти худ аз 5 то 10% ба сил гирифтор мешаванд.
«Бинед, барои чӣ 90-95% сироятёфтагон ба бемории сил гирифтор намешаванд, фақат 5-10% ба ин беморӣ мубтало мегарданд. Албатта, ин ҳолатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ё бемориҳои ҳамрадиф ва ё дигаранд. Чунин ҳолатҳо муқобилияти организмро суст мекунанд ва он микробҳое, ки дар бадани шахси сироятёфта мавҷуданд, авҷ мегиранд, ки дар натиҷа дар ягон минтақаи организм беморӣ пайдо мешавад- то 80% дар шуш ва 20% дар дигар узвҳо»,-тазаккур медиҳад ин табиби силшинос
Чаро сил бемории мавсимӣ буда, одатан дар аввали фаслҳои баҳору тирамоҳ хурӯҷ мекунад?
Табибони соҳа мегӯянд, ки вақте бемор ба шакли вазнини сил гирифтор бошад, дар шуши ӯ шакли бақоиёт ҳамчун пайвастаҳо ва намакҳои калсий боқӣ мемонад. Баҳор, вақте ки организм лоғар мешавад, витаминҳо ё ин ки намакҳои калсий кам мешаванд ва хавфи авҷгирӣ аз ҳамон боқимондаҳо ҳаст. Бинобар ин беморон дар ин фаслҳо аз ташхис мегузаранд. Аммо Умринисо Сироҷиддинова бар он назар аст, ки ягон бемор ихтиёрӣ ҳамарӯза дору истеъмол намекунад. Масалан, вақте ки 1-2 ҳафта бемор табобат мегирад ва доруҳояшро истеъмол мекунад, заҳролуднокии организмаш кам мешавад. Дар ин ҳолат ӯ худашро хуб ҳис мекунад ва аз табобат даст мекашад. Бинобар ин профессори соҳа пешниҳод менамояд, ки бемор бояд пайваста зери назорати табиб бошад. Дар сурате, ки бемор аз табобат даст кашад, микробҳои ӯ ба шакли устувор мегузаранд, ки дар оянда табобат дуру дароз, гаронбаҳо ва хеле мушкил мегардад. Аз ин рӯ табобат бояд зери назорат гузарад.
Чӣ гуна табобатро зери назорат гузаронидан мумкин аст?
Шарт нест, ки бемор фақат зери назорати табиби силшинос бошад. Ба ин кор табиби минтақавӣ, ҳатто имомхатибҳо ва ё омӯзгорон метавонанд мусоидат намоянд. Шахс вақте ки ҳамарӯза ба масҷид меравад, метавонад дар он ҷо доруҳояшро истеъмол кунад ва ё дар мактаб. Дар маҷмӯъ роҳе, ки барои бемор осон бошад.
Тамғагузорӣ чӣ гуна аст?
Табибон бо ин масъала мубориза бурда истодаанд, аммо бояд гуфт, ки кормандони соҳаи тиб дар танҳоӣ ин корро иҷро карда наметавонанд. Зиёиён ва ВАО метавонанд дар ин самт кумак расонанд. Профессор Умринисо Сироҷиддинова мегӯяд, шахс агар ду ҳафта гирифтори бемории сил бошаду хориҷкунандаи микроб, пас аз ду ҳафта ӯ ба атрофиён бехатар аст. Бинобари ин аз ӯ ҳазар кардан ва дурӣ ҷустан нодуруст аст, чунки ӯ ба атрофиён хатар надорад. Баръакс, вақте беморро тамға мегузоранд ва аз атрофиён ҷудо мекунанд, бемор рӯҳан азоб мекашад ва ба зудӣ шифо намеёбад. Бинобар ин беморро мебояд ҳамаҷониба дастгирӣ намуд. Дар баробари табибон барои табобати бемор дастгирии оила, хешу табор, дӯстон, дар маҷмӯъ атрофиён нақши калон мебозад. Зеро ҳолати асаб низ барои шифо ёфтани бемор нақш дорад. Бемор агар бовар кунад, ки ӯ сиҳат мешавад, атрофиён аз ӯ ҳазар намекунанд, ӯ зудтар шифо меёбад.
Бояд гуфт, ки дар самти ташхис ва усулҳои нави табобати бемории сил олимони тоҷик ба кашфиёти зиёде ноил гардидаанд. Аз ҷумла, мутахассиси соҳаи сил Фотима Раҳимова зимни кори илмии худ исбот кардааст, ки микробҳои сил ҳангоми табобат шакли худро иваз мекунанд. Ҳамзамон олими дигари силшинос Ҷема Юсуфҷонова шаклҳои силро табақагузорӣ намудааст. Бемории сил якчанд шакл дорад. Аз ҷумла шакли ҳайвонӣ, одамӣ, парандагӣ ва моҳигӣ. Ин олими тоҷик бо кори илмии худ исбот кардааст, ки дар сокинони деҳот бештар шакли сили ҳайвонӣ ва шахсоне, ки дар шаҳр зиндагӣ доранд, дар аксари онҳо шакли сили инсонӣ дида мешавад.
Олими дигари тоҷик Саъдулло Сайдалиев бо кори илмии худ шакли табобати кӯтоҳмудати бемории силро исбот намуд. Қаблан беморон аз 10 то 12 моҳ табобат мегирифтанд, ки ин ниҳоят вазнин буд. Ҳоло бо тавсияи ӯ тайи 4-6 моҳ табобат хеле фоиданок аст. Ба ҳамин тартиб, аз ҷониби олими дигари тоҷик исбот шуд, ки табобати пешгирикунандаи бемории сил барои гирифтор нашудани шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз манбаъҳои боз
МАЪЛУМОТНОМАИ «ХОВАР»
Умринисо Сироҷиддинова пас аз хатми мактаби миёна соли 1957 ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1963 онро бо муваффақият хатм намуд. Мавсуф фаъолияти кориашро соли 1964 дар дармонгоҳи маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанбе шурӯъ кардааст. Сипас, Сироҷиддинова барои таҳсил дар ординатура даъват мегардад ва пас аз хатми муваффақонаи ординатура соли 1971 ҳамчун ассистенти кафедраи фтизиатрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолияти худро идома медиҳад. Мавсуф соли 1974 ба кори илмӣ машғул шуда, соли 1976 дар Москва рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад. Дар ниҳоят солҳои 1980 — 1988 дар мавзӯи «Омӯзиши бемориҳои сили минтақаҳои баландкӯҳ» ба кори докторӣ машғул шуда, соли 1989 дар Москва рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад.
Умринисо Сироҷиддинова аз соли 1987 то соли 2014 дар вазифаи мудири кафедраи фтизиопулмонологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият намуда, бинобар ба синни нафақа расидан аз соли 2014 инҷониб дар кафедраи мазкур ба сифати профессор кори худро идома медиҳад.
Аъзои президиуми Ассотсиатсияи пулмонологҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Профессори тоҷик Умринисо Сироҷиддинова давоми фаъолияти худ шогирдони зиёде ба воя расонида, зиёда аз 200 асари илмӣ навиштааст. Ҳоло китоби ин профессор бо номи «Фтизиатрия-силшиносӣ» бо забони давлатӣ омода шуда, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат тасдиқ ва нашри он рӯзҳои наздик бо мусоидати молиявии барномаи ЮСАИД – лоиҳаи минтақавӣ оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ЭТИКА) дар назар аст. Китоби мазкур барои донишҷӯён ва табибони силшинос пешбинӣ мешавад.