НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
ДУШАНБЕ, 01.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов 44 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 42 нафар аз Ҷумҳурии Узбекистон, 1 нафар аз Кореяи Ҷанубӣ ва 1 нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори консерватория Баҳодур Давлатзода.
Иброз гардид, ки дар ин давра бо якчанд муассисаҳои давлатҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, байни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати Қафқози Шимолӣ ва бо Консерваторияи миллии Озарбойҷон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра донишҷӯёни Консерватория дар озмунҳои байналмилалӣ низ фаъолона иштирок намуданд. Гурӯҳи навозандагони созҳои халқии донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ бахшида ба эҷодиёти Ҳунарпешаи халқии Узбекистон Абдуҳошим Исмоилов дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид.
Донишҷӯи курси дуюми ихтисоси фортепианои тахассусӣ Меҳрона Маҷидова дар Онлайн-озмуни 5-уми байналмилалии санъати фортепианонавозӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия иштирок намуда, сазовори дипломи дараҷаи сеюм гардид.
Инчунин дар Консерватория Озмуни 13-уми дохилии «Иҷрокунандаи беҳтарин» аз рӯйи ҳашт номинатсия бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар озмун зиёда аз 45 донишҷӯ иштирок намуда, 23 нафар соҳиби ҷойи намоён гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






