Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имсол 8 озмоишгоҳи нав таъсис дода шуд. Аз ин шумора се озмоишгоҳ дар Институти химияи ба номи В.И. Никитин, 1 озмоишгоҳ дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, 2 озмоишгоҳ дар Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков ва 2 озмоишгоҳ дар Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ибрози назар намуд.
Қобилҷон Хушвахтзода иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон аз тарафи олимони академия 9 патент, аз ҷумла 8 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти АвруОсиё барои ихтироъ, ҳамчунин 4 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилотӣ ба даст оварда шуданд.
Дар ин давра олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯйи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Инчунин дар нишаст таъкид шуд, ки дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нашрияи расмии Академияи илмҳо бо номи «Илм ва инноватсия» таъсис дода шуда, шумораи нахустини он ба нашр расонида шуд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






