Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ҷаласаи клуби дипломатии «Контекст» иштирок намуд

Апрель 2, 2021 16:06

ДУШАНБЕ, 02.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. 2 апрели соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ҷаласаи клуби дипломатии «Контекст», ки онро Маркази маҳаллии Аврупо ва Осиё таҳқиқ кардааст, онлайн иштирок намуд.

Тавре аз Консулгарии ҶТ дар Екатеринбург ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот рӯйдодҳои асосии сиёсии дохилии феврал-марти соли 2021, ки дар Россия ва минтақаи Урал ба амал омада буданд, муҳокима карда шуданд.  Диққати иштирокчиёни муколама ба мавзӯъҳои марбут ба вазъи Ковид ва раванди эмгузаронии оммавӣ дар кишвар (Россия) ва минтақа равона карда шуд.  Ба баъзе масъалаҳои иқтисодӣ ва сиёсии воқеияти имрӯзаи Россия низ дахл карда шуд.

20 нафар иштирокчиёни вохӯрии онлайн ба суханрониҳои мубрам ва пурмазмуни муовини якуми роҳбари дастгоҳи губернатор ва ҳукумати вилояти Свердловск Вадим Дубичев, сиёсатшинос — намояндаи Фонди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ Анатолий Гагарин, роҳбари Маркази таҳқиқоти Аврупо ва Осиё Андрей Русаков таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Акс аз Консулгарии ҶТ дар Екатеринбург

Апрель 2, 2021 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид