Корҷӯёни шаҳри Кӯлоб соҳиби касб ва шаҳодатномаи тахассусӣ мегарданд

Апрель 19, 2021 14:19

КӮЛОБ,  19.04.2021  /АМИТ  «Ховар»/. 2207 нафар шаҳрвандони синни гуногун — довталабон ва корҷӯёни шаҳри Кӯлоб тавассути  филиали Муассисаи  давлатии «Маркази таълими калонсолон»  ба касбомӯзӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос  ва малакаҳои касбӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ гардиданд.

Тавре директори муассиса  Умарҷон Исмоилов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  бо назардошти  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ   ва ҳунарҳои мардумӣ дар асоси шартнома  бо шуъбаи   Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Ховалинг ва Балҷувон  173 нафар  занону духтарон  ва ҷавонон  ба омӯзиши  касбҳои ҷомадӯзӣ, чакандӯзӣ, адрасбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ ва муҳрабофӣ фаро гирифта шуданд.

Муассиса  ҳамзамон ҳамкориро бо шарикони рушд ва Лоиҳаи тавқияти  таҳсилоти касбӣ-техникӣ  ва омӯзиши  Фонди ёрии байналмилалӣ (ФЁБ) дар самти касбомӯзӣ ва такмили малакаҳои касбии  беш аз 800 нафар   шаҳрвандон ба роҳ мондааст. Ин аст, ки дар он дар баробари дигар  масъалаҳо ба беҳтар гардидани  сифати таълим  ва  касбомӯзӣ  диққати махсус дода мешавад.

Тадбирҳои андешида дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд  имконият фароҳам оварданд, ки  теъдоди муайяни  шаҳрвандон ва муҳоҷирони  меҳнатӣ  дар ин давра,  новобаста аз вазъияти  имрӯзаи  эпидемиологӣ ба касбомӯзӣ ҷалб  карда шаванд.

Апрель 19, 2021 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид