Мақомоти Тоҷикистон ва Чин таъмини интиқоли бемамониати борро тавассути гузаргоҳи марзии «Кулма-Қаросу» баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории механизми муштарак миёни мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар робита ба таъмини интиқоли бемамониати бор тавассути гузаргоҳи марзии «Кулма – Қаросу», инчунин пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад ба таври маҷозӣ доир гардид, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ ҳайати Тоҷикистонро Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва ҷониби Чинро муовини Раиси ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур – Чжао Тсунтсю роҳбарӣ намуда, намояндагони вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти гумрук ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иштирок доштанд.
Ҷонибҳо ҷараёни иҷрои мувофиқаҳои ҷаласаи қаблии Гурӯҳи кориро, ки моҳи март доир гардида буд, инчунин фаъолияти кунунии гузаргоҳи марзии «Кулма – Қаросу» ва истифодаи мақсадноки вақти корӣ дар гузаргоҳ, риояи ҳатмии пешгирӣ ва назорати эпидемия, таъмини интиқоли бемамониати бор тавассути ин гузаргоҳ, истифодаи контейнерҳои ба талабот ва стандартҳо ҷавобгӯ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд аз рӯи нақшаи якҷоя, истифодаи ядак ва нимядак дар қатори контейнерҳо, зиёд намудани иқтидори гузариш тавассути гузаргоҳи «Кулма – Қаросу» ва дигар масъалаҳои ҳалталабро баррасӣ намуданд.
Дар натиҷа ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини ҳамлу нақли мунтазам ва самарабахш тавассути гузаргоҳи марзии «Кулма – Қаросу», интиқоли саривақтии молҳои мавриди ниёзи мардум ва ба иншооти стратегӣ нигаронидашуда дар ҳамбастагӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар ин замина, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати бозпас гирифтани контейнерҳои холӣ ва дар қатори контейнерҳо истифодаи ядак ва нимядак аз ҷониби ҳайати Чин пазируфта шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешанд.
АКС аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






