Маркази миллии тестӣ: Давраи бақайдгирии ИМД то 30 апрел тамдид карда шуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки давраи бақайдгирии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) то 30 апрел тамдид карда шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, бинобар зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30 апрел тамдид карда шуд.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи довталабон тавсия медиҳад, ки бо маълумоти омории ҷараёни бақайдгирӣ, ки дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/imd/hisoboti-davri.html) ҷойгир карда шудааст, шинос шуда, дар сурати зарурат ва хоҳиш доштан интихобҳои аввалини худро дар давраи бақайдгирӣ, ки тамдид гардидааст, иваз намоянд.
Инчунин ба шахсони барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ худро номнавискунанда низ тавсия дода мешавад, ки аввал бо маълумоти омории зикршуда шинос шуда, ҳангоми интихоби гурӯҳ ва комбинатсияи ихтисосҳо донишу маҳорат, ҷойҳои ҷудошуда дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи қабул ва талаботи бозори меҳнатро ба эътибор гиранд.
Акс аз Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






