Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии Душанбе бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ таъмин шуд

Апрель 27, 2021 14:05

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ чанде қабл шуъбаи наҷот ва ҷарроҳии Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ»-и шаҳри Душанбе аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ таъмин  карда шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳии муассисаи зикршуда бо тарҳу услуби замонавӣ таъмир гардида, бо дастгоҳу лавозимоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои нафасдиҳандаи сунъии замонавӣ, монитор, инфузамат, рентгени рақамии мобилӣ, маҷмӯи бронхоскоп, ЭКГ, дефиблятор,  рахтҳои хоби замонавӣ, дастгоҳи тозакунандаи ҳаво ва дигар лавозимоти тиббӣ  таъмин гардиданд.

Ҳамзамон дар шафати муассиса дастгоҳи истеҳсолкунандаи кислород бунёд ва насб шудааст, ки ба эҳтиёҷмандон дар ҳолатҳои зарурӣ хизмат мерасонад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Апрель 27, 2021 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд