Мавҷи нави бесуботӣ дар Афғонистон. 118 нафар ҷангҷӯёни гурӯҳи «Толибон» маҳв карда шуданд

Апрель 30, 2021 08:58

ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи миллии Афғонистон мегӯяд, ки дар чанд рӯзи охир «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) дар задухӯрдҳо бо неруҳои афғон талафоти ҷиддӣ диданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Садои Амрико» дар Афғонистон www.darivoa.com.

Тибқи иттилои вазорати мудофиаи Афғонистон, вилоятҳои Лағмон, Ғазнӣ, Қандаҳор, Зобул, Ҳирот, Ғур, Балх, Ҳилманд ва Тахор шоҳиди задухӯрдҳои шадид миёни артиши Афғонистон ва «Толибон» шудаанд.

Фавод Амон, муовини сухангӯи вазорати мудофиа 29 апрел ба «Садои Амрико» гуфт, ки дар ҷараёни амалиётҳои ҷавобии неруҳои афғон алайҳи «Толибон» 118  ҷангҷӯ кушта ва 30 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ҷаноби Амон афзуд, ки дар ҷараёни даргириҳо чаҳор узви «Толибон» ба силоҳу муҳимот боздошт гардиданд, инчунин 169 адад минаҳои дар роҳҳо ҷосозишуда пайдо ва безарар ва ҷони даҳҳо ҳамватанони мо наҷот дода шуд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳамдуллоҳ Муҳеб, мушовири амнияти миллӣ, Зиё Сироҷ, раиси амнияти миллӣ, Ҳаётуллоҳ Ҳаёт, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури дохилӣ ва Ёсин Зиё, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиа ҷиҳати баррасӣ вазъи амниятӣ ва оғози амалиёти густурдаи низомӣ алайҳи пойгоҳҳои «Толибон» дар чанд вулусволии Ғазнӣ ба ин вилоят сафар карданд.

Ин мақомот тасмим гирифтанд, ки шоҳроҳҳои Кобул-Қандаҳор, Ғазни-Пактико ва дигар роҳҳои автомобилгардро аз назорати «Толибон» бароранд ва амнияти онҳоро таъмин кунанд.

Апрель 30, 2021 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид