Моҳи июн Фестивал-намоишгоҳи нуҳуми автомобилҳои коллексионии «Авто — ретро Душанбе» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 июни соли 2021 дар майдони «800 солагии Москав»-и назди Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ»-и пойтахт Фестивал-намоишгоҳи нуҳуми автомобилҳои коллексионии «Авто — ретро Душанбе» баргузор мегардад. Фестивал аз соати 16:00 то соати 22:00 идома ёфта, дар он мошинҳои қадимии истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико ба тамошо гузошта мешаванд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ масъулинро баҳри дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивали мазкур вазифадор намуда, дастур додааст, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Фестивал –намоишгоҳ ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, бо мақсади дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ мегардад. Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттиҳодияи ҷамъиятии «Клуби дӯстдорони мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баргузор мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар Ғарб чунин намоишгоҳҳо-фестивалҳоро «олдтаймер-галлерея» меноманд. «Oldtimer» калимаи англисӣ буда, «қадима, мошини нодир» тарҷума мешавад ва одатан мошинҳоеро, ки беш аз 30 сол пеш истеҳсол шудаанд, ифода мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал-намоишгоҳи ҳаштуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» 14 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, иштирокдорони он ретро-мошинҳои нодир ва маъруфи тамғаҳои «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожетс», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва албатта, «Mercedes-Benz», ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, тамошо карда, ҳаловат бурданд.
Мавриди ёдоварист, ки нахустин фестивал –намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе» 21 апрели соли 2013 дар Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар майдончаи назди роҳи ҳалқавии буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳ.Шерозии пойтахт баргузор гардида буд. Паради автомобилҳои коллексионӣ аз кӯчаи Карамов ба самти хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С.Айнӣ ва А. Дониши пойтахт гузашта буд.
Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз













Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






