ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 20-22 апрел дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест. 21-22 апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф), дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб) ва Обихингоб баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат мебора. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






