Пирӯзии аввалин ва таърихии «Истиқлол» дар Лигаи чемпионҳои Осиё
ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон ғалаба карда (3:2), пирӯзии аввалин ва таърихиашро дар Лигаи чемпионҳои Осиё ҷашн гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Голҳоро дар ҳайати «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов заданд. Як голи дигарро легионери сербиягии АГМК Йован Ҷокич ба дарвозаи дастааш зад.
Қаблан дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 дастаи Душанбе бо дастаи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” мусовӣ (0:0) бозӣ карда буд.
Дар бозии дигари давр дуюми гурӯҳи “А” клуби “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бар дастаи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
Пас аз натиҷагирии ду давр “Ал-Ҳилол” ва “Истиқлол” бо 4-холӣ дар садри ҷадвали гурӯҳи “А” қарор доранд.
Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 21 апрел “Истиқлол” бо дастаи “Ал-Аҳлӣ”, ки соли 2019 ғолиби Лигаи чемпионҳои Осиё гардида буд, вомехӯрад.
Лигаи чемпионҳои Осиё-2021
Гурӯҳи «А». 2-юм давр
АГМК (Ӯзбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






