Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқ нагардидани дастовардҳои ихтироъкорон изҳори нигаронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар байни олимону муҳаққиқони кишвар ихтироъкорон ва навоварон кам нестанд, вале дастовардҳои онҳо дар истеҳсолот қариб, ки татбиқ намегарданд. Ин нуктаро имрӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президент изҳор доштанд.
«Ихтироот ва кашфиёти илмӣ дар шакли патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба қайд гирифта мешаванд, вале аксари онҳо дар рӯи коғаз боқӣ мемонанд, , — изҳори нигаронӣ намуданд Сарвари давлат ва илова карданд, — Мо то ҳанӯз механизми татбиқи дастовардҳои илму техникаро дар истеҳсолот тарҳрезӣ ва дарёфт накардаем».
Дар робита ба ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки корхонаҳои истеҳсолии вазорату идораҳои дахлдор, хусусан вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд бо ихтироъкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд, дастовардҳои онҳоро омӯзанд ва дар асоси шартнома бо муассисаҳои илмӣ барои татбиқ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






