Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар иҷлосияи пленарии 52-юми Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори иҷлосияи пленарии 52-юми Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври реҷаи фосилавӣ (онлайн) иштирок намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мавзӯи асосии рӯзномаи кори ҷаласа «Танзими қонунгузории равандҳои муҳоҷират дар давраи пандемия: нақши парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ» «Дар бораи намунаи Кодекси муҳоҷират барои кишварҳои узви ИДМ» , Қонуни намунавӣ «Дар бораи таъмини ҳуқуқи кӯдакон ба ҳифзи саломатӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ», Қонуни намунавӣ «Дар бораи ёрии психиатрӣ ва кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳангоми пешниҳоди он», Қонуни намунавӣ «Дар бораи дастурҳои клиникии расонидани ёрии тиббӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ», Тавсияҳо «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон», Қонуни намунавӣ «Дар бораи лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ» ба шумор мерафт, ки дар муҳокимаи он намояндагони сохторҳои дахлдори Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ ширкат намуданд.
Дар интиҳои кори иҷлосияи умумии 52-юми Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ таъкид карда шуд, ки таваҷҷуҳи асосии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ ба наздик кардани қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ, таъмини рушди ҳамгироӣ дар соҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо равона карда шудааст. Татбиқи ин вазифа, ки дар доираи он дар тӯли 28 соли кор, Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ беш аз 550 санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавсияҳо ва дигар санадҳоро қабул кард, ба ҳамгироии ҳуқуқии минтақавӣ мусоидат менамояд ва қонунгузории миллиро ба меъёрҳои ҳуқуқии аз ҷониби умум эътирофшуда равона мекунад.
Иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар вакилони Маҷлиси намояндагон дар нишасту ҳамоишҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ барои боз ҳам баланд гардидани нуфузи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ ва Ассамблеяи Байнипарлумонӣ мусоидат намуда, омили асосии густариш ёфтани муносиботи байнипарлумонии ҷумҳуриҳои аъзои ин Ассамблея ба шумор меравад.
Худи ҳамин рӯз кори иҷлосияи умумии 52-юми Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба анҷом расид.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






