«Сӣ баҳори истиқлол», «Бузургӣ андар табораш буд… Чашмандозе ба эҷоди оламгири шоири маҳбуб Мирзо Турсунзода»,-шарҳи матбуот
ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон дар матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдоду ҳодисаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон бозтоб гардидаанд.
«Ҷумҳурият»-нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 85 (24192) чоршанбе, 28 апрели соли 2021, дар саҳифаи аввал оид ба «Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД» хабар чоп карда, инчунин таҳти унвони «Шириншоҳ Шоҳтемур- ҳомии забон ва матбуоти тоҷик» мақолаи журналист Меҳрангез Қодироваро ба табъ расонидааст. Муаллиф дар мақола, аз ҷумла чунин навиштааст: «Шириншоҳ Шоҳтемур ба ҳайси арбоби давлатӣ дар таъсиси рӯзномаҳои тоҷикӣ хизмати мондагоре кардааст. Солҳои 20-уми асри гузашта, ки мавҷудияти халқи тоҷик аз ҷониби пантуркистон дидаву дониста инкор мегашт, ӯ ҳамчун намояндаи сиёсӣ овоз баланд намуд».
Ҳамзамон дар ин шумораи «Ҷумҳурият» мақолаҳо таҳти унвони «Иммунизатсия. Ваксинаҳо моро бо ҳам наздик мекунанд», «Танзим: меъёрҳои ҷарима барои вайрон кардани қонуни миллӣ меафзоянд» ва дигар хабару гузоришҳо нашр гардидаанд.
Аз шумораи 84 (24191), сешанбе, 27 апрели соли 2021-и нашрияи расмии «Ҷумҳурият» хонандагон имкон доранд дар радифи хабару гузоришҳои расмӣ, инчунин мақолаеро таҳти унвони «Бузургӣ андар табораш буд… Чашмандозе ба эҷоди оламгири шоири маҳбуб Мирзо Турсунзода» мутолиа намоянд. Аз ҷумла, дар мақола чунин иншо шудааст: «Метавон шоири маъруф ва шаҳир шуд. Ҳамчунон шоири ҳамаи давру замонҳо. Аммо шоири маҳбуб гардидан душвортар аст ва ин ба осонӣ даст намедиҳад». Инчунин дар шумораи мазкур дигар хабару гузоришҳо нашр шудаанд, ки хонанда метавонад аз хондани онҳо иттилои пурратар гирад.
«Садои мардум»— нашрияи Парлумони Тоҷикистон — Маҷлиси Олӣ дар шумораи №57 (4319), панҷшанбе, 29 апрели соли 2021 бо нашри хабару гузоришҳо аз фаъолияти палатаҳои поёнӣ ва болоии Парлумони мамлакат ҳамзамон мақолаи «Ду моҳи кории Турсунзодаи донишҷӯ дар Шаҳринав», «Равғанро чӣ тавр фаровону арзон бояд кард?» ва дигар хабарҳоро интишор намудааст.
«Народная газета» -нашрияи расмии русизабони Тоҷикистон дар шумораи 16 (20297) 28 апрели соли 2021 чун дигар нашрияҳои расмии кишвар хабару гузоришҳои расмиро аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намудааст. Ҳамзамон дар ин шумораи нашрия мақолаи доктори илмҳои фалсафа, муовини Директори Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Рустам Ҳайдаров «Эмомали Рахмон –один из архитекторов Шанхайской организации сотрудничества» нашр шудааст, ки хеле диққатҷалбкунанда аст. Инчунин матолибе, чун «Мирзо Турсунзаде-певец мира и дружбы», «Конкурс «Таджикистан –Родина любимая моя» поручено провести на самом высоком уровне» ва дигар қонунҳои қабулшуда дар мамлакат чоп шудаанд.
«Минбари халқ»- нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 17 (1311), чоршанбе, 28 апрели соли 2021 дар баробари чопи хабарҳои расмӣ ва мавод аз ҳаёти ҳизб, инчунин доир ба мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ гузориш интишор намудааст.
Ҳамзамон хонандагон аз ин шумораи нашрияи ҲХДТ метавонанд мақолаҳои «Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд…», «Дарди сар»-е, ки барои мо эҷод карданд», «Сӣ баҳори истиқлол», «Лоиқи дидаву дил», «Макру дурӯғҳои Кабирӣ дар назди хоҷагони охундияш», «Сатр ва гадоӣ- мувофиқат мекунанд?», «Осори устод Мирзо Турсунзода- намунаи олии садоқат ба Ватан», «Мушкилоти донишҷӯ ва телефони мобилӣ» ва ғайраро мутолиа намоянд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»








ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
26 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
Дар Институти математика масъалаҳои муҳими усулҳои нави таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомада баррасӣ шуданд
САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад
ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд






