Сафири Франсия дар Тоҷикистон аз МОИ «Кӯлоб» боздид намуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран аз Минтақаи озоди иқтисодии /МОИ/ «Кӯлоб» боздид намуда, бо лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории минтақаи мазкур шинос гардид.
Аз МОИ «Кӯлоб» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Роҳбари Маъмурияти МОИ «Кӯлоб» Мустафо Абдуллозода лоиҳаҳои нақшаи генералии МОИ «Кӯлоб», панҷарабандии ҳудуди он, дидбонгоҳи гумрукӣ, бинои маъмурӣ, маркази рушди истеъдодҳои ҷавон ва мусоидат дар содироти маҳсулоти сайёҳӣ тавассути Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва корхонаи санаотӣ оид ба истеҳсоли қисмҳои автомобилиро муаррифӣ карда, доир ба ҳар лоиҳа маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Инчунин бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ байни Франсия ва Тоҷикистон, ҷалби васеи доираи сармоягузорону соҳибкорон ва дар ин замина ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар аз ҷониби МОИ «Кӯлоб» ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахта, ғалла, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, фармасевтӣ, лампаҳои каммасраф, аккумулятор, лифт, конструксияҳои металлӣ, равған, газворҳои дурушт, бунёди парки технологӣ ва маркази логистикӣ пешниҳод гардид. Дар ин раванд вобаста ба кушодани Гӯшаи франсузӣ дар заминаи Маркази рушди истеъдодҳои ҷавон ва содироти маҳсулоти сайёҳӣ тавассути МОИ «Кӯлоб» пешниҳодҳои мушаххас баён гардиданд. Зикр шуд, ки омили мазкур метавонад барои ҳавасмандӣ ва ташвиқу тарғиби забони франсузӣ дар байни ҷавонон заминаи устувор гузорад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран ҳавасмандии худро барои гузоштани саҳм дар рушди МОИ «Кӯлоб», ҷалби бештари сармоягузорону соҳибкорон дар самти татбиқи лоиҳаҳои барои тарафҳо афзалиятнок тавассути ташкили бизнес -форумҳо ва мубодилаи таҷриба баён намуд. Таъкид шуд, ки минбаъд барои тақвият ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ байни Франсия ва Тоҷикистон тавассути истифодаи васеи имтиёзҳои андозию гумрукии МОИ «Кӯлоб» тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.








Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд






