Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон Нисораҳмад Ғӯриёнӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ, нафту газ, иктишоф ва истихроҷи маъдан мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Сафири Тоҷикистон таъкид кард, ки тавассути ба роҳ мондани ҳамкории густарда метавонем дар ҳамаи самтҳо ва бахшҳо муваффақияти назаррас ба даст орем.
Н. Ғӯриёнӣ изҳор намуд, ки тасмим дорад дар наздиктарин фурсат бо ҳайати тоҷирони муваффақи Афғонистон ба Тоҷикистон сафар намояд ва бо мақомоти Тоҷикистон перомуни таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ суҳбатҳо дошта бошад.
АКС аз ВКХ ҶТ








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд






