Сартабиби корпуси низомии «Шоҳин» дар Балхи Афғонистон аз ҷониби афроди мусаллаҳ кушта шуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Одилшоҳ Одил, сухангӯи полиси Балх иттилоъ додааст, ки Муҳаммад Солеҳ, сартабиби корпуси низомии 209-уми «Шоҳин» ва ронандаи ӯ субҳи имрӯз (душанбе, 12 апрел) дар шаҳри Мазори Шариф аз ҷониби афроди мусаллаҳи номаълум террор шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.
Ҷаноби Одил афзуд, ки ҳодиса тақрибан соати 06:30 субҳи имрӯз дар чорроҳаи Фирдавсӣ дар Мазори Шариф замоне рух дод, ки афроди мусаллаҳи номаълум мошини хизматии ҷаноби Муҳаммад Солеҳро тирборон карданд.
Дар робита ба ин ҳодиса то ба ҳол касе боздошт нашудааст.
Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон), масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.








Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид






