Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони «30-солагии Истиқлол»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

Апрель 10, 2021 11:47

ДУШАНБЕ, 10.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Кӯдакистони «30-солагии Истиқлол»-ро ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 1 га бунёд ва навсозӣ гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Кӯдакистони «30 — солагии Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд дорои 14 гурӯҳ  буда, имкон дорад 400 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ 60 нафар мутахассисону мураббиён имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хубу муосири корӣ ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шаванд.

Кӯдакистони мазкур дорои хонаи қабули кӯдакон, толорҳои васеи таълимӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоби кӯдакон, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона, анбори маводи хӯрока барои сабзавоту ғалладона мебошад.

Инчунин дар саҳни ҳавлии кӯдакистон 7 айвонча, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, ду ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидаанд. Дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, дар кӯдакистони замонавӣ ба корҳои навсозӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии муосирро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Тоҷикистон барои насли ояндасози миллат арзёбӣ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипсу миннатдорӣ намуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро барои тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва аз бар намудану омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.

Дар кӯдакистони «30-солагии Истиқлол» аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуданд.

Ба истифода додани Кӯдакистони “30-солагии Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд 10.04.2021

Апрель 10, 2021 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашқобод Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Булёни поёни ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро ба истифода доданд
Дар Женева 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии №8-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни болои ноҳияи Данғара бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро ба истифода доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Саодатшо» ва дастовардҳои кишоварзии ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи томактабии «Ворисон»-ро ифтитоҳ намуданд