Ҳайати эҷодии барномаи «Поедем, поедим!»-и «НТВ»-и Россия ба Тоҷикистон омад

Апрель 21, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 21.04.2021/АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати эҷодии барномаи маъруфи шабакаи телевизиони «НТВ»-и Россия «Поедем, поедим!» ба Тоҷикистон ташриф овард, иттилоъ медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Сафари ҳайати эҷодӣ дар кишвари мо аз 20 то 24 апрели соли равон  идома меёбад. Тибқи барномаи тарҳрезишуда зимни сафар ҳайати эҷодии барнома аз имкониятҳои сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Норак, Ҳисор ва ноҳияи Варзоб аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, тарзи омода намудани таомҳои миллиро ба навор мегиранд.

Барномаи «Поедем, поедим!» лоиҳаи маърифатӣ-таблиғотӣ буда, дар қаламрави Россия ва соири кишварҳои ҷаҳон беш аз 200 маротиба пахш гардида, зиёда аз 30 миллион тамошобин дорад. Тавассути барнома фарҳангу тамаддун ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳои дунё муаррифӣ мегарданд.

Ҳаводорон ва тамошобинони барномаи «Поедем,поедим!» имконият доранд, ки намоишро доир ба Тоҷикистон тариқи шабакаи НТВ тамошо намоянд. Ҳамзамон, барнома тавассути шабакаҳои иҷтимоии «Ютуб», «Фейсбук», «Инстаграм» ва дигар порталҳои таблиғотӣ дастрас мегардад.

Ҳайати эҷодии барномаи маъруфи шабакаи телевизиони «НТВ»-и Россия «Поедем, поедим!» бори дувум аст, ки аз Тоҷикистон боздид менамоянд. Сафари қаблии ҳайати эҷодии барнома аз 1 то 5 октябри соли 2018 сурат гирифта буд. Пахши барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

ДАР АКС: барандаи лоиҳаи машҳури «Поедем, поедим!» Ҷон Уоррен ва овозхони тоҷик Мадина Акназарова. 24 ноябри соли 2018 дар шабакаи телевизионии НТВ.

Апрель 21, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид