Ҳайати эҷодии барномаи «Поедем, поедим!»-и «НТВ»-и Россия ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 21.04.2021/АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати эҷодии барномаи маъруфи шабакаи телевизиони «НТВ»-и Россия «Поедем, поедим!» ба Тоҷикистон ташриф овард, иттилоъ медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Сафари ҳайати эҷодӣ дар кишвари мо аз 20 то 24 апрели соли равон идома меёбад. Тибқи барномаи тарҳрезишуда зимни сафар ҳайати эҷодии барнома аз имкониятҳои сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Норак, Ҳисор ва ноҳияи Варзоб аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, тарзи омода намудани таомҳои миллиро ба навор мегиранд.
Барномаи «Поедем, поедим!» лоиҳаи маърифатӣ-таблиғотӣ буда, дар қаламрави Россия ва соири кишварҳои ҷаҳон беш аз 200 маротиба пахш гардида, зиёда аз 30 миллион тамошобин дорад. Тавассути барнома фарҳангу тамаддун ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳои дунё муаррифӣ мегарданд.
Ҳаводорон ва тамошобинони барномаи «Поедем,поедим!» имконият доранд, ки намоишро доир ба Тоҷикистон тариқи шабакаи НТВ тамошо намоянд. Ҳамзамон, барнома тавассути шабакаҳои иҷтимоии «Ютуб», «Фейсбук», «Инстаграм» ва дигар порталҳои таблиғотӣ дастрас мегардад.
Ҳайати эҷодии барномаи маъруфи шабакаи телевизиони «НТВ»-и Россия «Поедем, поедим!» бори дувум аст, ки аз Тоҷикистон боздид менамоянд. Сафари қаблии ҳайати эҷодии барнома аз 1 то 5 октябри соли 2018 сурат гирифта буд. Пахши барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.









Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд






