Шаш корманди полис ва низомиёни амнияти миллӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон кушта шуданд

Апрель 1, 2021 11:44

ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини вилояти Ҳирот тасдиқ мекунанд, ки ду таркиши ҷудогона дар шаҳри Ҳирот ва вулусволии Шинданди ин вилоят шаш кушта ва панҷ захмӣ барҷой гузоштаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “Садои Амрико” дар Афғонистон www.darivoa.com.

Муовини волии Ҳирот Нур Аҳмад Ҳайдарӣ гуфт, ки субҳи рӯзи панҷшанбе (1 апрел) дар як посгоҳи амниятии воқеъ дар минтақаи Камаркулоғи Ҳирот таркиш рух дод.

Ҷаноби Ҳейдарӣ илова кард, ки дар натиҷаи таркиш ду полис кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, волии Ҳирот Сайид Воҳид Қатолӣ гуфт, ки дар натиҷаи таркиши як автомашинаи бомбагузоришуда дар вулусволии Шинданди ин вилоят чаҳор сарбози амнияти миллӣ ҳалок ва  се тани дигар захмӣ шуданд.

Мақомоти Ҳирот дар ин ҳодисаҳо «Толибон» -ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон) айбдор мекунанд, аммо онҳо  ҳанӯз дар ин хусус изҳори назар накардаанд.

Апрель 1, 2021 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд