«Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Тошканд зиёд намуд

Апрель 21, 2021 15:11

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе то ду парвоз дар як ҳафта зиёд намуд. Акнун парвозҳо ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои душанбе ва ҷумъа иҷро мешаванд. Дар рӯзҳои душанбе вақти парвоз аз Душанбе соати 09:30, аз Тошканд 11:50 ва рӯзҳои ҷумъа аз Душанбе соати 09:20, аз Тошканд 11:20 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст, иттилоъ медиҳад ширкати «Сомон Эйр».

Тибқи талаботи нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон, кулли мусофирони аз 2-сола боло, ки вориди ин кишвар мешаванд, бояд бо худ маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, дошта бошанд. Маълумотнома бояд бо забони русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад. Шахсоне, ки маълумотномаашон ба талаботи ҷорӣ ҷавобгӯ нест, ҳамчунин шахсоне, ки нишонаҳои COVID-19 доранд ва ё натиҷаи санҷиши PCR-тесташон мусбат мебошад, ба парвоз роҳ дода намешаванд.

Мусофироне, ки вориди Душанбе мешаванд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба COVID-19 — натиҷаи манфии PCR-тестро, ки давоми 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистон гирифта шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз Тошканд ба Душанбе азми сафар доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии PCR-тест), ки давоми 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, зарур мебошад.

Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, ҳамчунин шаҳрвандони Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Қазоқистон ва Россия, ки тариқи роҳҳои ҳавоӣ вориди Тоҷикистон мешаванд, иҷозатномаи вурудии мақомоти ваколатдори Тоҷикистон лозим нест. Мусофироне, ки таби баланд ва ё нишонаҳои COVID-19 доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Ҳангоми парвоз ба мусофирон пӯшидани ниқоб ва дастпӯшҳои ҳифозатӣ ҳатмӣ мебошад.

Апрель 21, 2021 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд