Сомон Маҳмадбеков ба финали Чемпионати Осиё-Океания баромад
ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 апрел дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё-Океания, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷараён дорад, се паҳлавони шинохта — Сомон Маҳмадбеков-73кг, Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров, ҳарду дар вазни -81кг ҳунарнамоӣ карданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нахустин шуда, варзишгари шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг рӯи татамӣ баромад. Дар даври аввал ӯ бо намояндаи Яман — Айяш Аҳмад рақобат намуда, пирӯз шуд ва ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар марҳилаи мазкур Сомон бар Муҳаммадӣ Муҳаммад аз Эрон ғолиб омада, ба марҳилаи ½-ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар нимфинал Сомон Маҳмадбеков бо барандаи медали тиллои Tunis Grand Prix 2018 — Жансай Смагулови қазоқ қувва санҷид. Дар ин рақобат паҳлавони мо аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибро мағлуб карда, ба финал роҳ ёфт. Акнун барои садо додани Суруди миллии Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков бо қаҳрамони Doha Masters 2021, намояндаи кишвари Кореяи Ҷанубӣ – Ан Чангрим рақобат мекунад.
Ҳамчунин дар ин рӯз рақобатҳои паҳлавонони дигари тоҷик, Ҳақназар Назаров ва Акмал Муродов, ҳарду дар вазни -81 кг доир шуданд. Ҳақназар Назаров, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо ҳарифаш аз Кореяи Ҷанубӣ — Мун Ҷин Ли қувва санҷид. Дар ин майдондорӣ варзишгари мо бо усули «ваза-ари» шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд. Варзишгари дигари ин вазн Акмал Муродов рақобатро аз марҳилаи дуюм бар муқобили Халил Ребаҳии қатарӣ оғоз кард. Дар ин дидор Акмал Муродов комёб шуда, ба даври навбатӣ роҳ пайдо кард. Дар даври навбатӣ Акмал Муродов бо паҳлавони эронитабори Муғулистон — Саид Муллаӣ рақобат мекунад.








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






