Созишномаҳои грантӣ, қарзӣ ва кафолатӣ барои маблағгузории лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» ба имзо расиданд

Апрель 29, 2021 15:34

ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи қарзӣ байни ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, инчунин Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти  Хатлон» дар ҳаҷми 35 млн евро, аз ҷумла 15 млн евро ҳамчун маблағи грантӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва 20 млн евро қарз аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд.

Тавре аз Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, созишномаҳои мазкурро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода, аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Айтен Рустамова, Роҳбари Намояндагии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» директори генералӣ Умед Билолзода ба имзо расониданд. Инчунин дар маросими баимзорасонӣ Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Мэрилин Йосефсон иштирок намуд.

Лоиҳа дар минтақаи Хатлон, шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар амалӣ гардида, дар доираи татбиқи он иҷрои корҳо вобаста ба ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, инчунин таҷдиду навсозии 2 адад зеристгоҳи мавҷуда, аз ҷумла зеристгоҳи «Бохтар»-110/10кВ ва зеристгоҳи «Кӯлоб»-110/35/10кВ, инчунин сохтмони зеристгоҳи нави 110/35/10 кВ дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2021 оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад.

Мақсади Лоиҳа кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, бакордарории системаи баҳисобгирии биллингӣ, инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронии интеллектуалӣ мебошад.

Апрель 29, 2021 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст