СУТ: иртибот байни ваксинаҳои AstraZeneca ва тромбоз имконпазир аст, аммо пайдошавии тромбҳо — рӯйдоди бениҳоят нодир

Апрель 8, 2021 11:35

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Иртибот байни эмгузаронӣ бо доруи AstraZeneca ва пайдошавии тромбҳо (лахтбандии хун дар рагҳо) имконпазир аст, аммо ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ иттилоъ медиҳад, мутахассисони Кумитаи ҷаҳонии машваратии СУТ оид ба бехатарии ваксинаҳо маълумоти охирини Агентии дорувориҳои Аврупо ва Идораи бритониёии назорати муомилоти дорувориҳоро омӯхта, ба чунин хулоса омадаанд.

Мутахассисони СУТ таъкид мекунанд, ки пайдоиши тромбҳо пас аз эмгузаронӣ, албатта, мояи нигаронӣ аст, аммо ин рӯйдоди бениҳоят нодир аст. Сухан дар бораи даҳҳо рӯйдод аз ҳар 200 миллион нафар эмшудагон меравад. Дар айни ҳол коршиносон хотиррасон мекунанд, ки бар асари бемории COVID-19 2,6 миллион нафар фавтидаанд.

«Таъсири оризаи манфии нодир пас аз эмкунӣ бояд бо дарназардошти хатари ҳалокат аз COVID-19 ва иқтидори ваксинаҳо ҷиҳати пешгирии уфунат ва коҳиши маргумир арзёбӣ карда шаванд», — омадааст дар изҳороти расмӣ дар ҷамъбасти ҷаласаи Кумитаи умумиҷаҳонии машваратии СУТ оид ба бехатарии ваксина.

Барои пурра фаҳмидани иртиботи имконпазир байни эмгузаронӣ ва омилҳои эҳтимолии хатар таҳқиқоти махсусгардонидашуда лозим аст.

Коршиносон мегӯянд, ки онҳо кори ҷамъоварии маълумотро дар бораи эмгузаронӣ бо доруи AstraZeneca идома медиҳанд. «Барои пурра фаҳмидани иртиботи имконпазир байни эмгузаронӣ ва омилҳои эҳтимолии хатар таҳқиқоти махсусгардонидашуда лозим аст», — таъкид мекунад СУТ.

Тавре мутахассисон хотиррасон мекунанд, оризаи иловагӣ пас аз эмкунӣ бо ваксинаҳои зидди коронавирус рӯйдоди нисбатан маъмул аст. Аксари онҳо барои ашхоси эмшуда нороҳатии ҷиддӣ ба бор намеоранд ва ба саломатии онҳо таҳдид намекунанд.

Аммо, онҳое, ки пас аз эмгузаронӣ аломатҳои ҷиддӣ, аз қабили дарди қафаси сина, мушкилоти нафаскашӣ, варам кардани пойҳо, дард дар қисмати поёни шикам, инчунин нишонаҳои неврологӣ, ба шумули дарди сар ва халалёбии биноӣ эҳсос мекунанд, бояд фавран барои дарёфти ёрии тиббӣ муроҷиат кунанд.

ДАР АКС: коршиносон ҷамъоварии маълумотро оид ба эмгузаронӣ бо доруи AstraZeneca идома медиҳанд. Акси СУТ

Апрель 8, 2021 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд