ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 апрел, якшанбе, 94-умин рӯзи соли 2021 аст

Апрель 4, 2021 08:00

4 апрели соли 2013  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби калони Президенти Бонки ҷаҳонӣ Каушик Басуро ба ҳузур пазируфтанд.

***

7 сол қабл, 4 апрели соли 2014 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди хатти 220- киловолтаи интиқоли неруи барқи Қайроққум—Ашт оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4-ро ба ҳузур пазируфтанд.

4 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи Интернет.

***

Рӯзи кӯдакон дар Тайван.

***

Рӯзи Веб-барномасозон.

РӮЙДОДҲО:

4 апрели соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расониданд.

***

8 сол қабл, 4 апрели соли 2013 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм Президенти Кумитаи миллии олимпӣ интихоб гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон ва Австрия, ки ба тавсеаи ҳамкории иқтисодии ду кишвар ва ҷалби сармоягузорони Австрия дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни бахши иқтисодиёти Тоҷикистон равона шудааст, баргузор гардид.

***

4 апрели соли 2018 Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул гардид.

***

4 апрели соли 1982 аввалин маротиба қуллаи баландтарин- Эверестро кӯҳнавардони шӯравӣ  Владимир Балибердин ва Эдуард Мисловский кашф намуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1753 бо қарори малика Елизавета Петрова дар империяи Россия ҳукми қатл манъ карда шуд.

***

Соли 1998 дар соҳилҳои Нигерия дар натиҷаи ғарқшавии киштӣ 280 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Апрель 4, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш