ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, чоршанбе, 97-умин рӯзи соли 2021 аст

Апрель 7, 2021 08:00

7 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат доир ба вазъи таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ машварати корӣ доир намуданд.

***

5 сол пеш, 7 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе  ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон, ки дар самти саноати сабук фаъолият мекунанд, доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Минск таҳти раисии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гашт.

7 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ.

***

Ҷашни модар ва зебоӣ дар Арманистон.

РӮЙДОДҲО:

7 апрели соли 1948 оинномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ҳукми иҷро даромад.

***

Дар ин рӯзи соли 1967 Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон оғоз гардиданд.

***

7 апрели соли 1978 ноҳияи Қабодиён (ҳозира Қубодиён) таъсис ёфтааст.

***

13 сол қабл, 7 апрели соли 2008 дар назди бинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон нимпайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.  

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дастгирӣ ва рушди ассотсиатсияҳои Тоҷикистон, ки 20 ассотсиатсияи фаъоли ҷумҳуриро муттаҳид сохт, таъсис ёфт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1989 духтарчаи литвагӣ Кристина Страгускайте яке аз ҷавонтарин нафаре гашт, ки дар 4- солагӣ дар натиҷаи сӯхтор ҷони ду нафар-хоҳар ва бародарашро наҷот дод.

***

Соли 2006 Иттиҳоди Аврупо домени ягонаи аврупоии дастраси умум- «eu»-ро боз кард.

Апрель 7, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш