Таъсиси платформаи савдои электронӣ зимни мулоқоти Завқӣ Завқизода ва Моҳд Абдул Карим баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имконияти таъсиси платформаи савдои электронӣ ва маркази логистикӣ барои содироти молу маҳсулот дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Президенти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия Моҳд Абдул Карим бин Абдуллоҳ дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Завқӣ Завқизода зикр кард, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Портали савдои Тоҷикистон таъсис дода шуда, то имрӯз зиёда аз 100 ҳазор истифодабарандагон аз 40 кишвари ҷаҳон аз он баҳра мебаранд. Вазири рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намуд, ки имконияти ҳамгироии ин ду платформаи савдои электронӣ дар оянда баррасӣ карда шавад.
Ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия яке аз ширкатҳои бонуфузи ин кишвар маҳсуб ёфта, алҳол дар 25 кишвари ҷаҳон фаъолияти худро дар самтҳои технологияи иттилоотӣ, неругоҳҳои барқӣ ва иқтисоди рақамӣ роҳандозӣ намудааст.
Дар иртибот ба ин ҷониби Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкориро дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат пешниҳод намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд изҳор намуданд.
Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд






