Татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2020-2025» баррасӣ шуд

Апрель 19, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2020-2025» дар соли 2020 ва натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи рушди маҳал дар семоҳаи  якуми соли равон дар  ҷаласаи сайёри  ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Турсунзода  доир гардид, баррасӣ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди маҳал иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа Раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар, намояндагони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо,  молия, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  фарҳанг, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳолатҳои фавқулода, ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав  иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҷумҳурӣ Қосим Роҳбар  оид ба  вазъи иҷрои марҳилавии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ» дар шаҳри Турсунзода  ва мавзӯъҳои рушди соҳаи саноат, вусъати шуғли пурмаҳсул, рушди сайёҳӣ, дастрасии аҳолӣ ба оби тоза, рушди варзиш ва ҷавонон сухан гуфта, диққати иштирокчиёнро ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат равона намуд.

Дар ҷаласа Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода   вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгардида, беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва норасоиҳо дар ин самт сухан гуфта, роҳҳои бартараф намудани онҳоро пешниҳод намуд.

 АКСҲО:  Кумитаи рушди маҳал

Апрель 19, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд