Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Май 20, 2021 11:55

20.05.2021, шаҳри Душанбе

Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев 19-20 майи 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои боз ва анъанавии дӯстӣ, ҳусни тафоҳум баргузор гардид, сарони давлатҳо ҳолати муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, дурнамои тавсеа ва таъмиқи равобити дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳоро баррасӣ карданд, инчунин перомуни масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар тӯли се даҳсолаи ахир Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон — Елбаси Нурсултон Назарбоев ба рушду таҳкими муносибатҳои бародарона ва дӯстонаи Тоҷикистон ва Қазоқистон саҳми бориз мегузоранд.

Ҷонибҳо рафти татбиқи тавофуқотеро, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 15 марти соли 2018 ҳосил шудаанд, мусбат арзёбӣ намуда, бар аҳаммияти нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 19-20 майи соли 2021, ки ба густариши бештари ҳамкориҳои дуҷониба такони нав бахшид, таъкид карданд.

Сарони давлатҳо бо изҳори пойбандии доимӣ ба принсипҳо ва уҳдадориҳое, ки дар аҳдномаҳои асосҳои муносибот ва шарикии роҳбурдии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон сабт гардидаанд, ба мақсади ғанисозии бештари муколамаи байнидавлатӣ бар асоси эҳтиром ва дастгирии мутақобил, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ байни ду халқи бародар, ба шарҳи зер изҳор менамоянд:

Бо дарки амиқи масъулияти баланд баҳри ҳифзи робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, таъмини рушди пойдор ва шукуфоӣ дар тамоми минтақа азми қатъии худро барои минбаъд низ ҳаматарафа густариш додани муносибатҳои шарикии роҳбурдӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таъйид намуданд.

Бо таъкид ба аҳаммияти муколамаи фаъоли сиёсӣ ҷиҳати рушди рӯзафзуни муносибатҳои дарозмуддат байни ду кишвар, ҷонибдори тавсеаи бештари робитаҳои боэътимод ва созанда дар сатҳҳои олӣ, баланд ва ғайра мебошанд.

Дар шароити ҳамагирии COVID-19 зарурати идомаи расонидани мусоидат ба ҳамдигарро барои рафъи оқибатҳои манфии он таъкид намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон барои расонидани ёрии башардӯстона дар соли 2020 изҳори сипос намуд.

Бо изҳори қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, ки яке аз омилҳои калидии пешбурди равобити Тоҷикистону Қазоқистон мебошанд, қайд карданд. Сарони давлатҳо ба ҳукуматҳои худ дастур доданд, ки равишҳои навро ба мақсади афзудани номгӯйи молҳо ва ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар панҷ соли оянда то ба 2 млрд. доллари ИМА таҳия намоянд.

Ба натиҷаҳои ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми сармоягузорӣ, ки моҳи марти соли 2021 дар Душанбе баргузор гардида буданд, баҳои мусбат доданд.

Натиҷаҳои ҷаласаи 3-юми Гурӯҳи кории муштарак роҷеъ ба афзоиш додани гардиши мол ва номгӯйи молҳои табодулшаванда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин омодагии тарафҳоро ҷиҳати таҳияи Харитаи роҳ барои афзоиши тиҷорати дуҷониба дар солҳои 2022-2023 истиқбол намуданд.

Ҷонибҳо дар бораи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ барои коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ дар заминаи корхонаҳои соҳавӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба тавофуқ расида, омодагии худро ба баррасии имконияти тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноат, роҳи оҳан ва дигар навъи нақлиёт, зерсохтор, логистика ва дигар соҳаҳо таъйид карданд. Дар ин робита, аз имзо шудани Ёддошти тафоҳуми чорчӯбавии ҳамкорӣ дар соҳаи саноат истиқбол намуданд.

Бо дарназардошти таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ изҳор доштанд, ки иқдомҳои заруриро ҷиҳати афзоиши табодули маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили марказҳои тақсимоти яклухт дар қаламрави ду кишвар анҷом диҳанд.

Ба дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар соҳаи рақамикунонӣ таъкид карданд. Тавофуқ карданд, ки тақвияти ҳамкориҳо дар ин соҳа ба ташаккули зинаҳои нави рушд ва афзоиши ҷаззобияти сармоягузории иқтисоди ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Бо дарки аҳаммияти ҳифзу нигаҳдории мероси муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ изҳор намуданд, ки ҷонибдори густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ тавассути баргузор намудани рӯзҳои фарҳанг, намоишгоҳҳо, ҷашнвораҳо ва дигар чорабиниҳо дар кишварҳои якдигар мебошанд.

Аҳаммияти дастгирии минбаъда ва фароҳам овардани шароити мусоидро барои намояндагони диаспораҳои тоҷику қазоқ, ки дар наздик кардани мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон саҳми арзанда мегузоранд, таъкид намуданд.

Зарурати идомаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро таъйид намуданд.

Таваҷҷуҳи муштарак ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла дар омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун изҳор намуданд. Ба мувофиқат расиданд, ки шумораи саҳмияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯёни тоҷик ва қазоқ дар донишгоҳҳои ду кишвар ду баробар зиёд гардад.

Ба ҷонибдории густариши баъдии робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла таъсиси шаклҳои нави ҳамкории байнипарлумонӣ изҳори назар намуданд.

Аҳаммияти баргузории Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки ба ҳифзи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эътимоди мутақобила дар минтақа мусоидат менамояд, таъкид карданд.

Ба мақсади додани такони тоза ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таъмини суботу амнияти минтақавӣ, омодагиро ҷиҳати бо кӯшишҳои муштарак суръат бахшидани имзои Шартномаи панҷҷониба дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа дар қарни XXI иброз намуданд.

Бо дарназардошти хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2021 аҳаммияти махсус доштани андешидани тадбирҳоро аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини амният, пешрафти раванди сулҳ дар он кишвар ва бозсозии иҷтимоию иқтисодии он таъкид намуданд. Ба натиҷаҳои ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» 29-30 марти 2021 дар Душанбе баргузоргардида, инчунин ташаббуси Тоҷикистон дар бораи 13-14 июли 2021 баргузор намудани ҷаласаи навбатии Гурӯҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон” дар сатҳи роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ баҳои баланд доданд.

Нақши махсуси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал (ББНА)-ро, ки созмони беназир ва абзори муҳим барои ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, идоракунии об ва экологии ҳавзаи баҳри Арал мебошад, таъкид карданд. Ҷонибдории худро аз тақвияти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, донорҳо, фондҳои экологӣ баҳри амалӣ намудани барномаҳо ва лоиҳаҳои мушаххас изҳор намуданд.

Президенти Қазоқистон омодагиро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби раёсати кунунии Тоҷикистон дар ББНА иброз дошт.

Тағйирнопазир будани мавқеи ҷонибҳоро роҷеъ ба дастгирии мутақобили ташаббусҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонии тарафайн дар ҷаҳорчӯби СММ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба таъкид намуданд.

Роҳбари Қазоқистон ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар солҳои 2020-2021, инчунин ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дод. Ӯ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри 2020 қабул шудани қатъномаро зери унвони “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, истиқбол намуда, ташаббуси Президенти Тоҷикистонро дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро дар бораи таъсиси Агентии байналмилалӣ оид ба амнияти биологӣ, ки тобеи Шӯрои Амнияти СММ буда, зимни иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод гардида буд, дастгирӣ намуд.

Роҳбари Тоҷикистон авлавиятҳои муқаррарнамудаи раёсати Қазоқистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (МҲТЭО) дар солҳои 2020-2022-ро тарафдорӣ намуда, изҳор дошт, ки дар рушди иқтидори МҲТЭО саҳм ҳоҳад гузошт.

Роҳбарони давлатҳо натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои он ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани равобити дуҷониба мутобиқи манфиатҳои аслии ҳар ду халқи бародар мусоидат хоҳанд кард.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуд, ки дар фурсати барояш муносиб ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари ҷавобӣ анҷом диҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватро бо изҳори миннатдорӣ пазируфт. Таърихи сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти
Ҷумҳурии Қазоқистон
Қосим-Жомарт Токаев

 

Май 20, 2021 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии ҶДММ «Суғд-саноат-паранда»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Парандапарвар-2017»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави ҶДММ «Текстилимпекс»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳриро дар Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони «Меҳросо» — ро ифтитоҳ намуданд
Барқияи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти ҳавзи моҳипарварӣ оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен Қасри «Сомониён»-ро ифтитоҳ ва ба 100 ятими кулл туҳфаҳо тақдим намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид карданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ «Файзи саҳар»-и ноҳияи Спитамен шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон Фермаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд ва аз намоишгоҳи кишоварзӣ боздид карданд

Маводҳои таҳлилӣ