ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Қасри варзишии иттифоқҳои касаба пурра навсозӣ гардид

Май 1, 2021 10:19

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қасри варзишии иттифоқҳои касаба пурра навсозӣ шуда, бо сохтмони биноҳои иловагӣ ба истифода супорида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи биноҳои варзишӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ва Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Фатҳиддин Усмонзода иштирок намуданд.

Маликшо Неъматзода варзишгаронро бо ифтитоҳи ин макони варзишӣ табрик намуда, онҳоро ба тамрини пайваста ҷиҳати ба даст овардани қуллаҳои баланд ҳидоят намуд.

Маҷмаа дорои чор бино, 4 толори варзишӣ, майдончаи варзишии тобистона буда, дар он аз рӯи намудҳои футболи хурд, текбол, таэквандо, ҷудо, шашкаю шоҳмот ва тенниси рӯимизӣ тамринҳо гузаронида мешаванд. Дар маҷмаа ҳамчунин меҳмонхона барои 24 ҷой фаъолият менамояд.

Имрӯзҳо тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ омодагии ҳаматарафа мебинанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём изҳор намуданд, ки соли 2020 дар саросари ҷумҳурӣ 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлол ба нақша гирифташуда бунёд шуданд, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш буда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардидаанд.

Май 1, 2021 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд