АМИТ «Ховар» собиқадори ҷанг, иштирокчии муҳосираи Ленинград Олег Соболевро бо ҷашни Ғалаба бар фашизм табрик намуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 76-юмин солгарди Ғалаба бар фашизм роҳбарияти Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, иштирокчии муҳосираи Ленинград, собиқ корманди АМИТ «Ховар» Олег Соболевро аёдат намуд.
Муовини директори АМИТ «Ховар» Қаноатулло Сайфуллоев Олег Дмитриевичро бо ин ҷашн табрик намуда, кумаки молиявии якдаъфаинаи агентиро ба ӯ расонид.
Мавриди зикр аст, ки Олег Соболев 3 апрели ҳамин сол ба синни 97-солагӣ расид. Ӯ охирин иштирокчии дар ҳаёт будаи муҳосираи Лениград аз Тоҷикистогн мебошад ва аз куҳансолтарин кормандони собиқи АМИТ «Ховар» маҳсуб меёбад, ки фаъолияти беш аз нимасраи босамари меҳнатии худро дар ин Агентӣ гузаронидааст.
Олег Соболев моҳи марти соли 1959 ба идораи «ТоҷикТА» (ҳоло АМИТ «Ховар») ба кор омада, то 1 январи соли 2013 дар Агентӣ ба ҳайси мухбир, муҳаррир ва сармуҳаррири бахшии русӣ фаъолият кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Олег Соболев ихтиёрӣ ба фронт рафта, аввалин муборизаи худро бар зидди душман дар синни 17-солагӣ дар ҳайати баталиони 78-уми ҷангӣ дар наздикии Стрелна, дар 7-километрии Петергоф, оғоз кардааст. Пас аз як сол, ӯро ба бригадаи 50-уми пиёдагардон интиқол доданд ва дар он ҷо хидмати асосии худро дар дифоъ аз Ленингради муҳосирашуда ( сентябри соли 1941 – январи соли 1944) сипарӣ намудааст.
ДАР АКС: (аз чап ба рост): завҷаи О. Соболев – В. Соболева, муҳаррири АМИТ «Ховар» Е. Батенкова, собиқадори ҷангу меҳнат О.Д. Соболев ва муовини директори АМИТ «Ховар» Қ. Сайфуллоев.








Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»






