АМИТ «Ховар» собиқадори ҷанг, иштирокчии муҳосираи Ленинград Олег Соболевро бо ҷашни Ғалаба бар фашизм табрик намуд

Май 7, 2021 17:33

ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 76-юмин солгарди Ғалаба бар фашизм роҳбарияти Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, иштирокчии муҳосираи Ленинград, собиқ корманди АМИТ «Ховар» Олег Соболевро аёдат намуд.

Муовини директори АМИТ «Ховар» Қаноатулло Сайфуллоев Олег Дмитриевичро бо ин ҷашн табрик намуда, кумаки молиявии якдаъфаинаи агентиро  ба ӯ расонид.

Мавриди зикр аст, ки Олег Соболев 3 апрели ҳамин сол ба синни 97-солагӣ расид. Ӯ охирин иштирокчии дар ҳаёт будаи муҳосираи Лениград аз Тоҷикистогн мебошад ва аз куҳансолтарин кормандони собиқи АМИТ «Ховар» маҳсуб меёбад, ки фаъолияти беш аз нимасраи босамари меҳнатии худро дар ин Агентӣ гузаронидааст.

Олег Соболев моҳи марти соли 1959 ба идораи «ТоҷикТА» (ҳоло АМИТ «Ховар») ба кор омада, то 1 январи соли 2013 дар Агентӣ ба ҳайси мухбир, муҳаррир ва сармуҳаррири бахшии русӣ фаъолият кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Олег Соболев ихтиёрӣ ба фронт рафта, аввалин муборизаи худро бар зидди душман дар синни 17-солагӣ дар ҳайати баталиони 78-уми ҷангӣ дар наздикии Стрелна, дар 7-километрии Петергоф, оғоз кардааст. Пас аз як сол, ӯро ба бригадаи 50-уми пиёдагардон интиқол доданд ва дар он ҷо хидмати асосии худро дар дифоъ аз Ленингради муҳосирашуда ( сентябри соли 1941 – январи соли 1944) сипарӣ намудааст.

ДАР АКС: (аз чап ба рост): завҷаи О. Соболев – В. Соболева, муҳаррири АМИТ «Ховар» Е. Батенкова, собиқадори ҷангу меҳнат О.Д. Соболев ва муовини директори  АМИТ «Ховар» Қ. Сайфуллоев.

Май 7, 2021 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид