АНДОЗ-БАҚОИ ДАВЛАТ. Имрӯз кормандони ин мақомот иди касбиашонро ҷашн мегиранд

Май 4, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 4 май Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз бахшида ба ин сана бо ҳузури Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи андоз хабар доданд, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид  кормандони андозро бо иди касбӣ табрик намуд ва ба онҳо дар фаъолияташон ҷиҳати ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои давлатӣ муваффақият таманно намуд.

Бахшида ба ин сана хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба фаъолияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаеро таҳия намуд, ки дар зер манзур мегардад.

Системаи миллии андоз дар давраи оғози эҳёи давлати Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин нишонаи Истиқлоли давлатӣ ва асоси молиявии мавҷудияти давлат ба миён омадааст. Дар ибтидо системаи тозабунёди андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва кадрии собиқ Раёсати даромадҳои давлатӣ ва андозҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон такя менамуд, ки соли 1990 вобаста ба ҷорӣ гардидани нахустасосҳои иқтисоди бозаргонӣ ва ташаккули соҳибкории хусусии озод таъсис дода шуда буд.

Моҳи январи соли 1992 дар заминаи Раёсати даромадҳои давлатӣ ва андозҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар муҳлати кӯтоҳ воҳидҳои сохтории мақомоти андоз дар ҳамаи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои мамлакат таъсис ёфтанд ва дар асоси қонунҳои алоҳида системаи миллии қонунгузории андоз, андозбандии соҳибкории озоди ташаккулёбанда ташкил гардида, аз он ҷумла тартиби баҳисобгирии андоз, андозбандии соҳибкории озоди ташаккуёфтаистода ташкил гардида, шаклҳои ҷавобгарӣ барои қонунвайронкунии андоз низ муайян карда шуданд.

Қадами дигар дар раванди ташаккули мақомоти андоз ба қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти давлатии андоз» дар моҳи марти соли 1992 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи асосҳои мақомоти андоз» дар моҳи марти соли 1994 алоқаманд аст.

Бо мақсади таҳкими сохтории ташкили назорати андоз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 4 майи соли 1995 дар заминаи Сарраёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Хусусиятҳои фарқкунандаи марҳалаи мазкур аз он иборат аст, ки дар ин марҳала нахустин шакли системаи миллии андози мамлакат ба миён омад, ки дар маҷмӯъ, хусусиятҳои иқтисодиёти давраи гузаришро инъикос мекард.

Дар ин давра раванди мураккаби ба иқтисоди бозаргонии ташаккулёбанда, инчунин ба шаклҳои нави муносибатҳои хоҷагидорӣ мутобиқ гардонидани системаи андоз ва сохтори мақомоти андоз идома дошт.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1997-1998 доир ба такмили қонунгузории андоз корҳои зиёде анҷом дода шуданд, аз ҷумла моҳи ноябри соли 1998 нахустин Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва 1 январи соли 1999 мавриди амал қарор гирифт.

Дар доираи Кодекси андоз, яъне дар асоси як санад тамоми муқаррароти асосии маъмурӣ, намудҳои мушаххаси андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ мешаванд, гирд оварда, нахустин бор ба андозсупоранда додани рақами мушаххаси андозсупоранда пешбинӣ гардид ва шумораи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ кам карда шуд.

Дар раванди ислоҳоти иқтисодӣ, минбаъд қабул гаштани нахустин Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадриҷан тағйир ёфтани фазои соҳибкорӣ ба санади мазкур тағйиру иловаҳои зиёд ворид карда шуданд, ки дар навбати худ татбиқи амалии онро то андозае мураккаб гардонданд.

Бо ҳамин сабаб Сардори давлат барои такмили қонунгузории андоз, кам кардани шумораи андозҳо тавассути қабул кардани Кодекси андоз дар таҳрири нав дастур доданд ва ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ду маротибаи дигар- солҳои 2004 ва 2012 дар таҳрири нав қабул шуд.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бори андозро барои соҳаҳои истеҳсолии иқтисодиёт зиёд накарда, раванди андозбандиро шаффофтар сохт ва муносибатҳои андозиро дар ҷамъият боз ҳам аниқтар ба танзим даровард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молияро вазифадор карданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо таҳияи лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав бо дарназардошти сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ ба анҷом расонида, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

Вобаста ба ин Лоиҳаи пешакии Кодекси андоз дар таҳрири нав аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳамкорӣ бо мушовирони сатҳи байналмилалӣ, коршиносони маҳаллӣ, намояндагони ниҳодҳои соҳавӣ, ассотсиатсияҳо ва доираи бахши хусусӣ бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия шуда, барои баррасии омма дар сомонаи Вазорати молия гузошта шуда буд. Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур ҳуҷҷати ниҳоӣ набуда, дар доираи таклифу пешниҳоди асосноки шаҳрвандон ва андозсупорандагон такмил дода шуда, сипас тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

Инчунин дар Паём пешниҳоди Пешвои миллат дар бораи аз пардохти андози ягона озод кардани тамоми кишоварзони мамлакат барои соли 2021  аз дастгирию ғамхориҳои навбатии Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат дарак медиҳанд. Пешниҳоди мазкур кишоварзонро хеле рӯҳбаланд намуд ва онҳо барои боз ҳам ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ, дар маҷмӯъ, рушди иқтисодиёти кишвар ва обод намудани Ватан масъулияти бештар эҳсос карданд.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон  ба раванди гузариши онҳо ба тартиби пешниҳоди электронии эъломияҳо тақвият бахшида, дар натиҷа соли 2020 шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 13 ҳазор адад зиёд шуда, дар айни замон зиёда аз 140 ҳазор субъектҳои хоҷагидор эъломияҳои худро тариқи электронӣ пешниҳод намуда истодаанд. Барои ба ин тартиб гузаронидани андозсупорандагони боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.

Ҷиҳати бештар ва беҳтар намудани хизматрасониҳои электронӣ аз ҷониби Кумитаи андоз портали хизматрасониҳои электронӣ васеъ карда шуда, дар айни замон барои андозсупорандагон 56 адад модулҳои хизматрасонӣ ба роҳ монда шудаанд, ки истифодаи онҳо барои иҷрои уҳдадориҳои андозӣ мусоидат менамояд.

Инчунин дар назар дошта шудааст, ки соли 2021 боз зиёда аз 10 адад хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла, ба андозсупорандагон ба тариқи электронӣ равон намудани огоҳнома оид ба қарзи андоз, ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда барои ташкилоти хориҷӣ, қабули ариза дар бораи тамдиди муҳлати пешниҳоди эъломия, китоби воридшавии шикоятҳо ва дигар хизматрасониҳо дар шакли электронӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Раънои НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар» 

Май 4, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад