Ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуд

Май 22, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади таъмини иҷрои талаботи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”   бо иштироки кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзӯъҳои муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, муқаррароти Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “Дар барои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар барои муқовимат ба экстремизм” мулоқот баргузор гардид.

Дар ин бора  ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара,   профессор Нуралӣ Шоҳиён   ҷавонону донишҷӯёнро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта, зикр намуд, ки “ҳамасола дар ҷараёни пешниҳоди Паём Пешвои миллат дар баробари дигар масъалаҳои муҳими дохилию хориҷӣ ба масъалаи ҷавонон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва раванди таълиму тарбия, омӯзиши имлҳои замони муосир, баланд бардоштани ҳисси миллию дарки хештаншиносиро миёни ҷавонон таъкид месозанд».

Зимни мулоқот намояндагони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқарароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстремизм сухан гуфтанд.

Бо таъкид гуфта шуд, ки насли ҷавонро зарур аст, то дорои ҳисси баланди миллӣ бошанд, бо Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор намуда, барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд, зеро имрӯз рисолати асосии ҷавонон ҳифзи марзу буми кишвар, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ҳамеша ҳушёру солим бошанд ва тавонанд бо маърифати баланди сиёсӣ давлату миллати худро ҳифзу ҳимоя намоянд.

Май 22, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад