Ба шарафи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радио мусобиқаҳои варзишӣ доир шуданд

Май 22, 2021 10:51

ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  миёни сохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз, футболи хурд ва волейбол мусобиқот баргузор гардиданд. Сабқатҳо миёни  кормандони сохторҳои кумита ба таври даставӣ ва инфиродӣ сурат гирифтанд.

Тавре аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, баъд аз қувваозмоиҳои дурӯза дар намуди шоҳмот мақоми аввалро корманди дастгоҳи марказии кумита Холмаҳмади Дӯст соҳиб гашт.

Миёни шашкабозон ҷойи якуми ифтихориро наворбардори Телевизиони Тоҷикистон Собири Абдурозиқ соҳиб шуд. Дар мусобиқаи теннисбозӣ ҷойи якум насиби корманди ТВ «Варзиш» Фирӯз Бахтибеков гашт. Ҳамин тавр, натиҷаҳои даставӣ низ дар мусобиқаҳо ҷамъбаст шуданд.

Дастаи дастгоҳи марказии кумита дар шоҳмот, Телевизиони «Тоҷикистон» дар шашка ва ТВ «Варзиш»  дар тенниси рӯи миз дар садри мақомҳои ифтихорӣ қарор гирифтанд.

Волейболбозони Радиои Тоҷикистон ва футболбозони ТВ «Ҷаҳоннамо» ва ТВ «Варзиш» бинобар ғолибият дар марҳилаи сабқати дохилӣ Кумитаро дар марҳилаи навбатии мусобиқот миёни вазорату идораҳои кишвар намояндагӣ менамоянд.

Мусобиқаи варзишӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо мақсади рушд ва оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, бахусус миёни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Аксҳо аз Кумитаи телевизион ва радио

Май 22, 2021 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад